Манучеҳри Домғонӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
منوچهری
Манучеҳри Домғонӣ
Зодрӯз 1000
Зодгоҳ Домғон
Даргузашт 1040
Вазифа шоир

Манучеҳри Домғонӣ - яке аз шоирони форсу тоҷик мебошад. Манӯчеҳрӣ (хатти ниёгон: منوچهری) Соли вафоташ 10401041 аст. У дар дарбори Масъуд умр ба сар бурдааст. Манучехри устоди касидахои васфи мебошад. У касидахояшро бо васфи бахор ё тирамох сар мекунад. У танхо манзарахои бахору хазонро тасвир мекунад.

Бештар у куху дашт, бог, паррандахо, гулу баттахо абру борон аст.
Манучехри яке аз шоирони машхури аввалхои асри ёздахуми милоди аст.

Таърихи таваллуди уро дар охири карни чахоруми хичри дар Домғон, вафоташро соли 431х.- 1040м. тахмин карданд. Меросе, ки аз шоир боки мондааст, ягона девони у мебошад, ки аз касоид, газалиёт, рубиёт ва китъаот иборат аст.

Манучехри соли 1000-дар Домғон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад, номи падараш Қавс ва тахаллусаш Манучеҳрист. Пас аз касби камол ба дарбори Ғазнавиён меояд. Азбаски Манучеҳри шоири ҷавону боғайрат буд, дар дарбор ба максади хосидон гирифтор шудааст. Аз руи гуфти худи у чохилони камфазл аз нотавонбини хостаан, ки уро беобру сохта аз хизмат дур намояд. Вале Манучехри дар касидахояш ин гурухи бадандешро фош намуда ва аз онхо касд гирифтааст. Ба пайдоиши ходисаи нохуши хасадхури замонаи нобаробару ихтилофчуй шоир айбдор буд. Манучехри дар айни чавони, дар чилсолаги, соли 1040- вафот кардааст.J Дар девони шоир касидаи, китъа ва газалхои у гирд омадаанд. Назари ичтимойии у ба оламу вокиахои замона нисбат ба муосиронаш Унсурию Фаррухи амик ва вусъатнок аст. Яъне Манучехри мухокимахои танкидию ичтимоии зиёд дорад ва бо хасби холлу шикоят низ ба мазаммати нобаробарию чавру ситами рузгор кушидааст. Дар ин маъни касидаи ба ном {Шамъият}-и у ахамиятбахш аст. Шоир ба шамъ ру оварда аз гаму кулфат, татхои, дардхои айём ва беокибатию бемехри сузу гудох намудааст:

Ту маро монию ман хам мар туро монам хаме,
Душмани хешем хар ду бар-дустдори анчуман.
Хештан сузем хар ду бар муроди дустон,
Дустон дар рохатанд аз мову мо андар хазан.

Дар шеърхои бахоронаи Манучехри тавсифи гулу парандагон мавкеи хос дорад. Камтар гулу парандае мондааст, ки у ном нагирифта ва бо хусусиятхои хосу фарки байнихамиашон тасвир накарда бошад. Дар банди мусаммате сифати кабк хусусият ва дунъёи асрорангези ин паррандаи хушилхомро ин андоза зебо ва реалии нигоштааст.

Хангоми бахор асту чахон чун бути Фархор,
Хез, эй бути Фархор, биёр он гули бехор.
Он гул, ки мар онро битавон хурд ба хушши,
В-аз хурдани у руй шавад чун гули пурбор.
Он гул, ки маро уро бувад ашчор, ба ангушт,
В- омад шуданаш бошад ашчор ба ашчор.
Он гул, ки ба гирдаш-дар нахланд фаровон
Нахлаш маликонанд ба гирд андару ахрор.
Хамвора ба гирди гул тайёра бувад нахл,
В-ин гул ба суи нахл бувад доим тайё.
Дар сояи гул бояд хурдан маи чун гул,
То булбули кавволат бархонад ашъор.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Абуначм Ахмад ибни Кавс ибни Ахмад (соли таваллудаш номаълум-вафоташ такрибан 1040, Газнин), яке аз шоирони қасидасарои форсу точик ба хисоб меравад. Шоир овони кудакиро дар Домгон гузаронида, тахсили ибтидоиро низ он чо ба поён расонида аст. Манучехри Домгони аввалхо дар дарбори Фалакулмаоли Манучехр ибни Кабус (1012-31) зиста ё ба даргохи у робитае доштааст (тахаллуси Манучехри ихтиёр карданаш аз ин чост). Манучехри Домгони аз хурдсоли кувваи хофизаи мустахкам дошта, ба шеъргуи пардохтааст. Баъд аз он ки дар шоири шухрат пайдо кард, ба дарбори Масъуд ибни Махмуд (1030-41) омада, сохиби обру ва эътибор гардид. Баъзе шоирони дарбор равнаки кори уро дида натавониста, ба вай хасад бурдаанд ва аз паи озораш шудаанд. Мероси адабии Манучехри Домгони дар девоне фарохам омадааст, ки с.1959 дар Техрон ба табъ расидааст. Девон 57 касида, 11 мусаммат, 20 китъа, 6 рубои ва якчанд касидаи нотамому байтхои парокандаро дар бар гирифтааст. Кисми зиёди касидахои шоир ба Масъуд ва амалдорони вай, дутоаш ба Манучехр ибни Кобус бахшида шудаанд. Дар касидахои Манучехри Домгони чуз мадхи шахсони чудогона, оид ба баъзе вокеахои таърихии давр ишорахо хастанд, ки барои омузиши таърихи замони шоир аз ахамият холи нестанд. Махсусан хамон касидахои Манучехри Домгони чолиби таваччуханд, ки дар онхо чашнхои халкии Навруз, Мехргон, Сада ва инчунин тарзи тайёр кардани май (дар ин боб шоир анъанаи Рудаки ва Башшори Маргазиро идома додааст) бо таъбу завки баланд тасвир шудаанд. Тагаззулоте, ки Манучехри дар пайравии шоирони араб гуфтааст, агарчи бештар ба мавзуъхои анъанавии адабиёти араб оиданд (дашту биёбон, корвон, уштур, ситорахо, чудои аз маъшука, хотироти вокеахои рох ва монанди инхо), таклиди махз набуда, рангу тобиши хос доранд.

Манучехри Домгони дар адабиёти форс-точик ба сифати ихтироъгари шакли шеърии мусаммат машхур аст. Мусамматхои у дар шакли мусаддас гуфта шудаанд. Дар аксари мусамматхои Манучехри мисраъхои хар банд ба чуз мисраи охир хамкофия мебошанд ва мисраи охирини бандхо то поёни шеър низ ба як кофия омада, бандхоро бо хам мепайвандад. Дар девони Манучехри Домгони навъи дигари мусаммат низ дучор меояд, ки дар он хамаи шаш мисраи хар як банд хамкофияанд (аааааа, бббббб, вввввв ва гайра). Мусамматхои Манучехри Домгони асосан дар васфи бахор, хазон, ангур, маю соки ва тахнияти чашнхои Навруз, Мергон, Сада буда, аксар ба мансабдорон ва шахсони бонуфузи давр бахшида шудаанд. Чи дар кисмати тагаззули касида ва чи дар мусамматхои Манучехри Домгони, васфи бахор ва хазон чои асосиро ишгол мекунад. Шоир хусну таровати бахор ва домони пурнеъмати тирамохро бо санъати баланд тасвир кардааст. Воситахои тасвири бадеи дар ашъори Манучехри Домгони фаровон буда, бо камоли устоди истифода шудаанд. Шоир дар истифодаи ташбех ва тавсиф хунарнамоихо карда, як микдор ташбеххои тозаю латиф эчод намудааст. Ашъори Манучехри Домгони умуман ба забони содда ва услуби равон эчод гардидаанд. Вай аз пайравони сабки хуросони буд. Дар мусаммат ва ташбиби касидахои шоир таркибу иборахои печдарпечи аз фахм дур такрибан мушохида намешаванд. Вале дар кисми мадхии касидахои у ибораву таъбирхои анъанавии мураккаб кам нестанд. Дар ин навъ касидахо ва махсусан касидахое, ки дар пайравии шоирони араб суруда шудаанд. Манучехри Домгони калима ва иборахои арабиро бештар кор фармудааст. Аз ин чихат дар сабки эчодии шоир нохамворихо ба назар мерасанд.

Меросе, ки аз шоир боки мондааст, ягона девони у мебошад, ки аз касоид, газалиёт, рубоиёт ва китъаот иборат аст. Дар ин маъни касидаи ба ном «Шамъият»-и у ахамиятбахш аст. Шоир ба шамъ ру оварда, аз гаму кулфат, танхои, дардхои айём ва беокибатию бемехри сузу гудоз намудааст:

Ту маро монию ман хам мар туро монам хаме,
Душмани хешем хар ду бар дустдори анчуман.
Хештан сузем хар ду бар муроди дустон,
Дустон дар рохатанд аз мову мо андар хазан.

Дар шеърхои бахоронаи Манучехри тавсифи гулу паррандагон мавкеи хос дорад. Камтар гулу паррандае мондааст, ки у ном нагирифта ва бо хусусиятхои хосу фарки байнихамдигариашон тасвир накарда бошад. Дар банди мусаммате сифати кабк хусусият ва дунёи асрорангези ин паррандаи хушилхомро ин андоза зебо ва ҳақиқӣ нигоштааст.


Аз Касоид[вироиш]

Хангоми бахор асту чахон чун бути Фархор,
Хез, эй бути Фархор, биёр он гули бехор.
Он гул, ки мар онро битавон хурд ба хуши,
В-аз хурдани у руй шавад чун гули пурбор.
Он гул, ки мар уро бувад ашҷор, ба ангушт,
В- омад шуданаш бошад ашҷор ба ашҷор.
Он гул, ки ба гирдаш дар нахланд фаровон
Нахлаш маликонанд ба гирд андару ахрор.
Хамвора ба гирди гул тайёра бувад нахл,
В-ин гул ба сӯӣи нахл бувад доим тайёр.
Дар сояи гул бояд хурдан майи чун гул,
То булбули кавволат бархонад ашъор.
То бод ба май дарфиканад мушк ба харвор.
Он караи борон бин аз абр чакида,
Гашта сари хар барг аз он катраи пурбор.
Овехта чун риштаи дасторчаи сабз,
Симингирехе бар сари хар решаи дастор.
Ё хамчу забарчадгун як риштаи сузан
Андар сари хар сузан як луълуи шахвор.
В-он катраи борон, ки фуру резад шабгир,
Бар тарфи чаман бар ду рухи сурхи гули нор…
Пиндори, табхолаи хурдак бидамидаст,
Бар гирди акики ду лаби дилбари айёр.
В-он катраи борон, ки фуруд ояд аз шох
Бар тоза бунафша на ба таъчил ба идрор.
Гуи ки машота за бари фарки арусон
Мовард хамерезад борик ба микдор.
В-он катраи борон, ки барафтад ба гули сурх,
Чун ашки арусест барафтода ба рухсор.
В-он катраи борон, ки барафтад ба сари хеш,
Чун катраи симоб аст афтода ба зангор.
В-он катраи борон, ки барафтад ба гули зард,
Гуи, ки чакидаст гули зард ба динор.
В-он катраи борон, ки чамад бар гули хайри,
Чун катраи май бар лаби маъшукаи майхор.
В-он катраи борон, ки барафтад ба суманбарг,
Чун нукта сафедоб бувад аз бари тумор.
В-он катраи борон зи бари лолаи ахмар
Хамчун шарари мурда фарози алами нор.
В-он катраи борон зи бари савсани кухи,
Гуи, ки сурайёст бар ин гунбанди даввор.
Бар барги гули насрин он катраи дигар,
Чун катраи хай бар занахи луъбати Фархор.
Он доирахо бингар андар шамари об,
Хар гах, ки дар он об чакад катраи амтор.
Чун маркази паргор шуд он катраи борон,
Сад доира дар доирае кард ба як бор.
Марказ бишавад доираро катраи борон,
В-ин доираи об ба сони хати паргор.
Он доирапаргор аз он чой бичунбад,
В-ин доира дар чунбиш саъб орад рафтор.
Хар гах, ки аз он доира ангезад борон,
В-аз бод дар у чину шикан хезаду зуннор
Гуи аламе аз сақалотуни сапед аст
Аз боди чаханда мутахаррик шуда нахмор.
В-он гох фуру борад борони бакувват,
Гирад шамари об дигар сурату осор…

Аз Мусамматот[вироиш]

Хезеду хаз оред, ки хангоми хазон аст,
Боди хунук аз чониби Хоразм вазон аст.
Он барги хазон аст, ки бар шохи разон аст,
Гуи ба масал пирахани рангразон аст.
Дехкон ба тааччуб сари ангушт газон аст,
К-андар чаману бог на гул монд, на гулнор .


Товуси бахориро дунбол биканданд,
Параш бибуриданд ба кунче бификанданд,
Хаста ба миён бог ба зориш бубанданд,
Бо у нанишинанду нагуянду наханданд
В-ин парри нигорин-ш бар у боз набанданд,
То Озаримах бигзараду ояд Озор.


Шабгир набини, ки хучаста ба чи дар даст?
Карда ду рухон зард ба ру пурчин кардааст,
Дил голияфом асту рухаш чун гули зард аст,
Гуи, ки шаби душ майи голия х(в) ардааст,
Буяш хама буйи суману мушк бибурдаст,
Рангаш хама ранги ду рухи ошики бемор.


Аз ғазалиёт[вироиш]

Навбахор аз хеду гул орост гети ранг-ранг,
Аргувони гашт хоку парниёну гашт санг
Мешукуфту лола бинмуд аз никоби сурх ру,
Он зи анбар буд бую ин зи гавхар бурд ранг.
Шохи бодом аз шукуфта луъбате шуд озари,
Чомхои май гирифта баргхои у ба чанг.
Абр шуд наккоши Чину бод шуд аттори Рум,
Бог шуд айвони навву рог шуд дарёи Санг.


Санамо, гирди сарат чарх хамегардони?
Зишти аз руи наку зишт бувад, гар дони.
Ё бикун он ки шабу руз хаме ваъда дихи,
Ё макун ваъда хар он чиз, ки он натвони.
Дили ман бурдию аз хештанам дур куни?
Барнаояд, санамо, кор бад-ин осони.
Мехрубони накуни бар ману мехрам талаби,
Надихи доду хаме дод зи ман бистони…
Набуви рози вагар з-он ки амират хонам,
Ман бад-он рози, ки эй дуст, гуломам хони.
Аз ту моро на канору на паёму на салом,
Макун, эй дуст, ки кайфар барию дармони.
Гуи андар дили пинхон-т хамедорам дуст,
Бех бувад душмани аз дустии пинхони.
Макун, эй дуст, ки бедод нишоне нагузошт,
Адл боз омада бо Бул Хасани Имрони…