Масҷиди Навгилем

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Масчиди Навгилем)

Масҷиди Навгилем, ёдгории меъмории асри 16 дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара. Шабеҳи масчидҳои «Намозгоҳ». Аз толори гунбазпӯш в аду айвони равоқбанди иборат аст (айвони паҳлӯи чап хароб гаштааст). Даромадгоҳи толор бо пештоқ оро ёфта, худи он аз ҳисоби чор ток васеъ шудааст. Токи тарафи даромадгоҳ то андозае чуқур аст, ки дар назари аввал чун долони равоқпӯш менамояд. Гунбаз ба шарафаҳои ғайриоддӣ такя мекунад. Се ҷуфт шаҳсутуни хиштии айвон токҳо дошта, боми онро, ки ба шаш сархонаи гунбазпӯш тақсим шудааст, нигоҳ медоранд. Ин тарзи масчидсози дар санъати меъмории халқҳои Осиёи Миёна бисёр дучор меояд, вале Масчиди Навгилем бо айвонҳои равоқбандии хеле чуқураш фарқ мекунад. Асри 19 дар шафати он мадраса ва соли 1909 дар рӯ ба рӯяш манора бино ёфт.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]