Мақомоти гумрук

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақомоти гумрук (Гумрук) - мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва воҳидҳои тобеи он, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ ёдовар шудаанд.[1]

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ҳарбикунондашудаи ҳифзи ҳуқуқ аст, ки бевосита фаъолияти гумрукиро дар ҶТ амалӣ менамояд. Таъсиси мақомоти гумрукӣ дар қаламрави ҶТ ба замони шӯравӣ рост меояд. Аввалин бор дар ҳудуди Тоҷикистон шуъбаи фаврии назорати гумрукӣ дар Панҷи поён 7 апрели соли 1987 таъсис дода шуд, ки он аз нигоҳи маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд. Баъдтар тибқи фармони Сарраёсати давлагии назорати гумрукӣ назди Девони Вазирони ИҶШС аз 28 майи соли 1989 гумруки ҶТ дар ҳайати шахсии 41 нафар таъсис дода шуд, ки он бевосита ба Сарраёсат ва Девони Вазирони ҶТ итоат мекард. Тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 22 январи соли 1992. Мақомоти гумрукӣ аз лаҳзаҳои таъсис то имрӯз ба ҳокимияти иҷроияи ҶТ шомил мебошад.[2]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Истилоҳот/Сомонаи Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати ҶТ
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 271