Jump to content

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ — мувофиқи Коиститутсия ҳокимияти иҷроияи давлатиро дар марказ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Ҳукумат мақоми иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро ба роҳ монда, иҷрои қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Тоҷкистонро таъмин мекунад. Мувофиқи Консгитутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармон медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмисг. Барномаҳои иктисодию иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷубронии онҳоро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 273