Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — ба сифати яке аз навъҳои мураттабсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон чун санади расмӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 24 феврали соли 2000 №138 (бо тағйироту иловаҳо аз 26 декабри соли 2001 №737) ба нашр мерасад. Масъули омодасозӣ ва нашри Маҷмӯи қонунҳо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисгон мебошад.

Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии зеринро, ки баъди 9 сентябри соли 1991 қабул карда шудаанд, дар бар мегирад: санадҳои конститутсионӣ оид ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлисн намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикжтон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дорои аҳамияти умумиҳатмии Ҳукумати Ҷумҳурни Тоҷикистон, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷмӯа ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад. Соли 2002 ҷилди аввали Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Қонуният»-и Вазорати адлия аз чоп баромад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 286