Минуи хирад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Минуи хирад» (форсӣ: مینوی خرد‎), «Доно ва Минуи хирад» (асли паҳлавиаш «Меноки храд», «Донок-у ме-нок-и храд») — яке аз ёдгориҳои адабиёти паҳлавӣ. Соли таълиф ва номи муаллиф маълум нест.

Дар асар аз румиён ва кӯчманчиёне, ки ба Эрон ҳуҷум мекарданд, сухан рафта, ва­ле ислом ёдоварӣ нашудааст, аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки пеш аз ҳуҷуми арабҳо ба Эрон тасниф гардидааст. «Минуи хирад» аз муқаддима ва 62 боб иборат аст. Дар муқаддима мусанниф худро дар шахси сеюм ҳам­чун «доно»-е шиносонида аз инқирози дини зардуштӣ, рӯй овардани мардум ба динҳои дигар сухан меронад. Ӯ барои дур кардани гумону шубҳа аз дили мардум бисьёр мекушад, аз донотарин мубаҳон маслиҳатҳо мепурсад. Дар охир ба хирад, ки ҳамчун шахс дар пеши назараш пайдо мешавад, матлаби худро баён мекунад. Хирад ба саволҳои ӯ ҷавоб мегӯяд. Ба ҳамин тариқ 62 боб аз саволу ҷавоби доно ва хирад иборатанд. Дар боби 1-ум пайдоиши олам, ба дӯзах ё ба ҷаннат рафтани равон пас аз марг аз мавқеи схоластикаи дини зардуштӣ шарҳ ёфтааст. Боби 2-юми «Минуи хирад», ки нахустин саволи доно бо он шурӯъ мешавад, тақрибан дорои 100 сухани андарзӣ ва пандуахлоқист. Ин қисмати «Минуи хирад»—аз китобҳои то ба замо­ни мо нарасидаи Авесто танзим шу­дааст. Дар бобҳои минбаъда вобас­та ба саволҳои доно қиссаву ривоятҳо, воқеаҳои таърихӣ, асотири мардуми эронинажод, номи паҳлавонону шоҳони қадимии Эрон аз қа­били Каюмарс, Хушанг, Ҷамшед, Сом, Гаршосп, Кайхусрав, воқеоти замони Сосониён ва ғ. оварда шуда­анд. «Минуи хирад» ғояи подшоҳи одил, ҳукмронии одилонаро талқин менамояд. Гарчанде ин ғоя аз талаботи дини зардуштӣ баромадааст, вале дар замони таълифи асар ифодаи ин ғоя бешубҳа, як ҷиҳати мусбат ба шумор меравад. Дар байни пайравони дини зардуштии асрҳои миё­на «Минуи хирад» яке аз асарҳои мӯътабар ба шумор мерафт. Азбаски он ба забони содда таълиф шуда, беш­тар хусусияти энциклопедӣ дошт, мубаҳон дар таълими ҷавонон аз ин асар истифода менамуданд. Қисмати андарзӣ, пандуахлоқии «Минуи хирад» низ барои таълиму тарбияи ҷавонон хеле мувофиқ буд. «Минуи хирад» ба қавли яке аз муҳаққиқони адабиёти паҳлавӣ Ҷаҳонгир Таваҳиз «усулан як матни динӣ аст, вале як рӯҳи саршор аз хирад дар он фармонравоӣ ме­кунад». Он ситоиши хирад ва ақлу дониш, ки мо дар адабиёти форс- тоҷик дар давраҳои нав бармехӯрем ва мисоли барҷастаи он муқаддимаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст, бешуб­ҳа идомаи анъанаи адабиёти пешазисломии халқҳои эронинажод буд. Маъхази асарҳои нахустини пандуахлоқӣ дар адабиёти классикии форс-тоҷик низ ҳамон андарзномаҳои адабиёти қадими тоҷик, аз ҷумла, боби 2-юми «Минуи хирад» ва дигарҳо будаанд. Таълимоте, ки дар «Минуи хирад» оид ба хирад баён гардидааст, дар Юнон назири худро дар фалсафаи ақлии (рациоиализми) Арасту до­рад. Қадимтарин нусхаи пахлавии «Минуи хирад» аз тарафи Меҳробон писа­ри Анупак (1589) китобат шуда, дар Копенгаген соли 1936 ба таври аксӣ (факсимиле) нашр гардидааст. «Минуи хирад» ду таҳрири позанд, тарҷума ба санскрит (асри 13, мутарҷим Нериосанг), ду тарҷумаи манзуми форсӣ (соли 1612, ба баҳри мутақориб — назмкунанда Марзбон ибни Роварӣ; 1627— назмкунанда Дороб Санҷонӣ писари Ҳурмуздёр), ин тарҷумаи насрии форсӣ («Ривоёти Дороб Ҳурмуздёр», ҷ. 1) дорад. Нусхаҳои манзуми форсӣ яке дорои 54 савол ва дигаре 68 савол дар китобхонаи миллии Париж маҳфузанд. Тарҷумаи англисии «Минуи хирад»-ро олими англис Е. В. Вест анҷом дода, онро дар силсилаи «Sacred books of East» («Китобҳои муқаддаси Шарқ», Ҷ. XXIV) соли 1885 ба табъ расонидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Минуи хирад / М. Диловарив // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).
  • Брагинский И. С., Из ис­тории таджикской народной поэзии. М., 1956;
  • Нииитина В. В. ж др., Лите­ратура Древнего Востока, М., 1962.