Jump to content

Мирзо Содиқи Муншӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Содиқи Муншӣ
Таърихи таваллуд: 1758
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1820
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: олим

Мирзо Содиқи Муншӣ (форсӣ: میرزا صادق منشی‎; 1758, Ҷондор[d], Вилояти Бухоро1820, Бухоро) — муншӣ, таърихнигор ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Содиқи Муншӣ тахминан солҳои 1166 (1753—1171) — 1758 дар деҳаи Ҷондори Бухоро таваллуд шудааст. Бо тахаллуси Содик шеър мегуфтааст. Хаёти шоир Мирзо Содики Мунши дар дарбори хукмронони мангит: амир Дониёл, амир Шохмурод ва амир Хайдар гузаштаааст. Як маротиба дар синни 63 солагиаш аз вазифа маъзул карда шуда ба Дарвоз бадарга карда шуда будааст. Шоир Мирзо Содиқи Мунши моҳи 1-и мухаррами таърихи 1235 ҳиҷрӣ (20-октябри соли 1819) дар Карши вафот кардааст.

Мирзо Содиқи Мунши аз худ мероси гаронбахо гузоштааст, ки аз ғазалиёт, касоид, китъаот, мухаммасот, рубоиёт, фардиёт иборат аст. Маснавиҳои «Дахмаи шоҳон», «Қазову кадар», «Рафъи тумани охугир ва Хайробод», «Манзумаи Ошик шудани дарвеш ба духтаре» ва чанде ашъоре, парокандае боки гузоштааст, ки то ҳанӯз 41 нусхаи хатти он маълум аст. Газалиет дар эчодиети Содик макоми мухим ва махсусро ишгол мекунад. Ва чи тавре маълум аст аз шоир ба мо 345 газал, 14 мусаммат, 34 муаммо, 59 рубои, 20 китъа, 2 касида ва 20 фард боки мондааст Короче говоря як чушпан бд:)

Аз ғазалиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Чан резӣ ба ҷафо ашки ҷигаргуни маро,
Эй ҷавопеша, биё рез дигар хуни маро.
Дил ба занҷири сари зулфи ту ороме дошт,
Шуд сабо силсилаҷунбон дили маҷнуни маро.
Бо ту, эй сангдил, афсонаи ман дарнагирифт,
Дар дили сахти ту навбад асар афсуни маро.
Шӯълаи оҳи дил оташ зада дар пираҳанам,
Сӯзи пинҳон чу дарун сӯхта беруни маро.
Гуфтӣ аз хотири маҳзуни ту шодам, Содиқ,
Шод кардӣ ба ҳамин хотири маҳзуни маро.
Чеҳра чун гул шамъи ҳар маҳфил намехоҳам туро,
Ҳар тараф чун шохи гул моил намехоҳам туро.
Мардуми чашми ҷаҳонбини манӣ, мурдам зи ҳаҷр,
Ҷуз даруни чашми худ манзил намехоҳам туро.
Кас намехоҳам, ки бандад дил ба сарви қоматат,
Чун санавбар зери бори дил намехоҳам туро.
Қобили базми ту набвад ҳар парешонрӯзгор,
Ҳамдами ин ҷамъи ноқобил намехоҳам туро.
Бар лаб омад ҷонам аз ғам ин ҳама таъҷил чист?
Ҷони ман чун умр мустақбил намехоҳам туро.
Масти ҳуснӣ ҳеч аз ҳоли ман огоҳ нестӣ,
Ин ҳама аз ҳоли худ ғофил намехоҳам туро.
Хуштар аст аз оқилӣ, Содиқ, ҷунуни ошиқӣ,
Тарки ақлу ҳуш кун, оқил намехоҳам туро.
Даҳани танги туро тунги шакар дар гарав аст,
Лабу дандони туро лаълу гуҳар дар гарав аст.
Анбарин зулфи туро мушки Хутан дар доман,
Рӯҳи гулгуни туро шамсу қамар дар гарав аст.
Зангии холи ту дар орази ҳамчун хуршед
Мисли ҳиндубачае мусҳафи зар дар гарав аст.
Шоми ҳиҷрони туро рӯзи висолат доранд,
Ҳар кӣ дар ҳар ду замон шому саҳар дар гарав аст.
Қади борлои туро сарви саҳӣ зери бағал,
Нозукандоми туро такяи пар дар гарав аст.
Мардумон аз ғами ҳиҷрони ту сар дар зону,
Бандаи Содиқи бечора, ки сар дар гарав аст.
Эй аз ниҳоли сарв қадат наврасидатар,
Абрӯйи дилкашат зи маҳи нав хамидатар.
Ҳастем ваҳшиён-ману дил, эй ғизоли чашм,
Ман аз дилу аз ман дили бедил рамидатар.
Бар мо марон саманди ҷафо ин ҳама ба ноз,
Эй шаҳсавор, дор инонро кашидатар.
Кам рафт бар матоъи хирад кас ба роҳи ишқ,
Роҳест пурмахотара, эй дил, хазидатар
Содиқ ба роҳи каъбаи васли ту қатъ кард,
Чандин ҳазор бодия лаб хушк, дида тар.