Аморати Бухоро
Аморати Бухоро - давлате дар Осиёи Марказӣ буд, ки аз 1785 то 1920 вуҷуд дошт. Вай масоҳати замини аз Амӯдарё ва Сирдарё иҳота мекард. Масоҳати асосии вай дар поёни Дарёи Зарафшон буд, ва марказҳои аҳолинишини он шаҳрҳои қадимаи Самарқанд ва пойтахти аморат, Бухоро буданд.
[вироиш] Таърих
Аморати Бухоро расман соли 1785 сохта шуда буд.
Соли 1868 аморат дар ҷанги бо Русия маглуб шуд, ва ба колонияи вай дохил шуд.
Соли 1920 Аморати Бухороро Болшевикон гирифтанд ва ӯро ҳамчун Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро номидан. Пиромуни рутбаҳо, номгӯйи мансабҳои Аморати Бухоро дар бисёре аз навиштаҷотҳои таърихӣ, китобҳои таърихӣ ба шакли пароканда вохӯрдан мумкин аст. Тавре ба назар мерасад, зиёдтарин номгӯйи мансаб дар тӯлонияти таърих дар Аморати Бухоро будаааст. Ҳанӯз дар ин бора ягон сарчашмаи аниқе вуҷуд надорад, ки феҳрасти шумори мансабу мартабаҳои Аморати Бухороро дақиқ рақам зада бошад. Аммо тавре мо ба натиҷа расидем, зиёда аз 200 номгӯйи мансабҳои калон дар Аморат ба чашм бармехӯрад. Ба ҷуз он ки дигар мансабҳои кӯчак, ки дар рустову деҳоти атрофи Аморат арзи вуҷуд мекарданд, ин шумориши сарсари танҳо даргоҳи Аморат аст, ки дар ҷуғрофиия он мо танҳо ба акнофи худи шаҳри Бухоро иктифо кардем. Амир - подшоҳ, шоҳ, аълоҳазрат, чеҳраи аввали Аморати Бухоро. Вазир-чеҳраҳои дуввуми намояндагии Аморат, (аз чор то 16 нафар) Мушовир- воҳиди кории инҳо низ аз 2 то 20 нафар, ки ба маслиҳату насиҳати амир равона аст. Надим-сӯҳбатнигорони махсуси амир, ки дар нишастҳои хоси худ ҳамнишини амиранд. Мисли мушовирон ҳуқуқи машварат ва маслиҳатро доранд. Сарҳанг-сарфармондеҳи ҳарбии дохили қасри Аморат, ки зертобеонашон аз 50 то 200 нафар мерасад. Инҳо ҳатто ба қушунҳои амир, ки ҳазорҳо нафарро дар бар мегирад, ҳуқуқи амру фармонро доранд. Мирзо-котибони хушнависи дарбори амир, ки асосан аз афроди соҳибмаълумот ва соҳибзавқ иборатанд. Теъдоди воҳиди корӣ дар мирзогӣ то 8 нафарро дар бар мегирад. Элчӣ-сафирон, қосидони махсуси амир дар шаҳру давлатҳои берун аз Аморат (воҳиди кории инҳо аз 5 то беохир. Қозикалон-сарвар додгоҳҳои шариатӣ дар қаламрави пурраи Аморат. Дар зери тобеияташон тамоми қозиёни шаҳру хонигариҳои Аморат шомил мешаванд Ноиби қозикалон-ёрдамчиён ва ё ёварони махсуси қозикалон, ки аз 8 то 10 нафаранд. Қозӣ- сарвари додгоҳҳи шаҳр ё ягон хонигарӣ, ки таҳти тобеияти қозикалон фаъолият мебаранд. (воҳиди корӣ то 40-50 нафар, вобаста ба тобеияти шаҳру устондорӣ, ки дар қаламрав ва султаи Аморат шомил бошанд). Муфтӣ-намояндаи махсуси дорои фатвои шаръӣ. Нафаре, ки тамоми қонунҳои дохили Аморатро ба шариат мувофиқат мекунонад, соҳибфатво низ мегӯянд. (теъдоди вохӣ то 20 нафар.) Хонҳо-устондорони махсусе, ки таҳти султаи Аморатанд ва амру фаромонро аз Аморат мегиранд ва аз ҷониби Амир таъин ва интихоб мешаванд. (мисли имрӯза раисони вилоят, теъдоди воҳиди корӣ то 15-18 нафар) Миршаҳр-шаҳрдороне, ки ба хонҳо тобеанд. Ҳар музофот ва хонигарие, ки мутаалиқ бошанд, амру фаромонро аз хонҳо дастрас мекунанд ва ҳамзамон сиёсати Амир ва хонҳоро ба раъият татбиқ мекунанд. Хазинадор-
[вироиш] Фарҳанг
Дар авоили садаи 20 Бухоро натанхо пойтахти Аморати Бухоро, балки маркази фархангии Осиёи Миёна махсуб мешуд ва осори шашмаком низ дар ончо инкишоф ва ташаккул ёфт. Тарзи дуруст хондани сурудхои суннати дар мактабхои Бухоро ривоч, сипас ба хавзахои фархангии дигар рох ёфт.[1]
Нашрияи Бухорои Шариф[2] Пиромуни рутбаҳо, номгӯйи мансабҳои Аморати Бухоро дар бисёре аз навиштаҷотҳои таърихӣ, китобҳои таърихӣ ба шакли пароканда вохӯрдан мумкин аст. Тавре ба назар мерасад, зиёдтарин номгӯйи мансаб дар тӯлонияти таърих дар Аморати Бухоро будаааст. Ҳанӯз дар ин бора ягон сарчашмаи аниқе вуҷуд надорад, ки феҳрасти шумори мансабу мартабаҳои Аморати Бухороро дақиқ рақам зада бошад. Аммо тавре мо ба натиҷа расидем, зиёда аз 200 номгӯйи мансабҳои калон дар Аморат ба чашм бармехӯрад. Ба ҷуз он ки дигар мансабҳои кӯчак, ки дар рустову деҳоти атрофи Аморат арзи вуҷуд мекарданд, ин шумориши сарсари танҳо даргоҳи Аморат аст, ки дар ҷуғрофиия он мо танҳо ба акнофи худи шаҳри Бухоро иктифо кардем. Амир - подшоҳ, шоҳ, аълоҳазрат, чеҳраи аввали Аморати Бухоро. Вазир-чеҳраҳои дуввуми намояндагии Аморат, (аз чор то 16 нафар) Мушовир- воҳиди кории инҳо низ аз 2 то 20 нафар, ки ба маслиҳату насиҳати амир равона аст. Надим-сӯҳбатнигорони махсуси амир, ки дар нишастҳои хоси худ ҳамнишини амиранд. Мисли мушовирон ҳуқуқи машварат ва маслиҳатро доранд. Сарҳанг-сарфармондеҳи ҳарбии дохили қасри Аморат, ки зертобеонашон аз 50 то 200 нафар мерасад. Инҳо ҳатто ба қушунҳои амир, ки ҳазорҳо нафарро дар бар мегирад, ҳуқуқи амру фармонро доранд. Мирзо-котибони хушнависи дарбори амир, ки асосан аз афроди соҳибмаълумот ва соҳибзавқ иборатанд. Теъдоди воҳиди корӣ дар мирзогӣ то 8 нафарро дар бар мегирад. Элчӣ-сафирон, қосидони махсуси амир дар шаҳру давлатҳои берун аз Аморат (воҳиди кории инҳо аз 5 то беохир. Қозикалон-сарвар додгоҳҳои шариатӣ дар қаламрави пурраи Аморат. Дар зери тобеияташон тамоми қозиёни шаҳру хонигариҳои Аморат шомил мешаванд Ноиби қозикалон-ёрдамчиён ва ё ёварони махсуси қозикалон, ки аз 8 то 10 нафаранд. Қозӣ- сарвари додгоҳҳи шаҳр ё ягон хонигарӣ, ки таҳти тобеияти қозикалон фаъолият мебаранд. (воҳиди корӣ то 40-50 нафар, вобаста ба тобеияти шаҳру устондорӣ, ки дар қаламрав ва султаи Аморат шомил бошанд). Муфтӣ-намояндаи махсуси дорои фатвои шаръӣ. Нафаре, ки тамоми қонунҳои дохили Аморатро ба шариат мувофиқат мекунонад, соҳибфатво низ мегӯянд. (теъдоди вохӣ то 20 нафар.) Хонҳо-устондорони махсусе, ки таҳти султаи Аморатанд ва амру фаромонро аз Аморат мегиранд ва аз ҷониби Амир таъин ва интихоб мешаванд. (мисли имрӯза раисони вилоят, теъдоди воҳиди корӣ то 15-18 нафар) Миршаҳр-шаҳрдороне, ки ба хонҳо тобеанд. Ҳар музофот ва хонигарие, ки мутаалиқ бошанд, амру фаромонро аз хонҳо дастрас мекунанд ва ҳамзамон сиёсати Амир ва хонҳоро ба раъият татбиқ мекунанд.
Гузошта шуд аз чониби Набиюллохи Суннатй