Jump to content

Мирзошариф Исломидинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзошариф Исломидинов
Акс:ИСЛОМИДИНОВ Мирзошариф.JPG
ходими давлати

Таваллуд 1949

Мирзошариф Исломидинов (тав.07.03.1949, деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара), ходими давлати, Корманди шоистаи ЧТ (1999). Аз оилаи деҳқон. Донишкадаи саноати нафту гази ш.Москва (1971) ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Ленинград (1988). Устои истеҳсолот, сардори шуъбаи техникию истеҳсоли, сарвари корхонаи нафту газ ҳосилкунии шаҳраки Нефтобод (1971-1986), раиси кумичроияи Шурои вакилони халқи шаҳри Исфара (1988-1991), муовини аввали раиси шаҳри Исфара (1991-1995), директори генералии корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Қайроқум-Ойл-ЛТД» (1995-1996), муовини раиси вилояти Ленинобод (1996-1999), муовини Сарвазири Чумҳурии Тоҷикистон (1999-2000) ва аз 06.03.2000 раиси шаҳри Исфара (то соли 2005). Исломиддинов вакили Шурои Олии ЧТ (1990,1995) ва борҳо вакили Маҷлиси вилояти ва Мачлиси шаҳри интихоб шудааст. Бо ордени «Дустй» (2001), нишони Аълочии фарҳанги ҶТ (2001), Аълочии маорифи ЧТ (2002) ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардидааст.


Аз 17 марти соли 2005 раиси Кумитаи (Парламент)Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.