Мошбиринҷ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Мошбиринч,як навъ таоми равон аст. Аввал гӯшт,баъд пиёзи резаро то сурх шудан дар равган бирён мекунанд. Сипас об андохта чанд дакика мечушонанд. Мошро тоза карда,хуб мешуянду ба дег андохта,30-40 дакика мечушонанд. Баъди он ки мош кафид,биринчи пешаки тоза кардашуда шустаро ба дег андохта дар оташи паст мепазанд. 10-15 дакика пеш аз пухтан намак ва зира меандозанд. Таоми тайёрро ба косахо кашида,ба руяш кабуди мепошанд. Ба он чургот хам андохтан мумкин аст. Мошбиринчро бо шир низ мепазанд.Барои ин аввал ба дег мош,биринч,сипас шир андохта дар оташи паст 18-20 дакика мечушонанд. Ба руйи таоми тайёр, равгани зард рехта, ба косахо мекашанд. Барои мошбиринчи бешир ба 300г гушт - 100г равған, 300г биринҷ, 200г мош, 2 сар пиёз, 2-3 дона помидор, мувофики табъ намаку адвиёт лозим аст. Барои мошбиринчи ширдор ба 200г мош-150г биринч, 2,5л шир, 50г равгани зард, мувофики табъ намаку адвиёт лозим аст.