Jump to content

Муиззӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муизии Нишопурӣ)
Муиззӣ
Таърихи таваллуд: 1048[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1127
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Амир Абдуллоҳ Муҳаммад Муиззӣ (форсӣ: امیر عبدالله محمد معزّی‎, машҳур ба Амир Муиззӣ (форсӣ: امیر معزّی‎; 1048[1], Нишопур1127) — шоири форс-тоҷик, писари шоир Абдулмалик Бурҳонӣ[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1048 аз рустои Нисо, вай яке аз машҳуртарин қасиданависони форсу тоҷик буд. Вай дар дарбои Малик Шоҳ I ва Султон Санҷар зиндагӣ кардааст. Девони вай 18,000 байт иборат аст. Муиззиро писари Шоҳ сол 1125 бо сабабҳои номаълум ба қатл расонид. Амирушшуаро Абуабдулло бинни Абдулмалики Нишопури машҳур бо номи Амир Муиззи дар байни солҳои 1072—1127 зиндагӣ кардааст. Боре дар ҳангоми шикор шоир хадафи пайкон Султон Санчар гардид, ки ӯ то айёми марг аз порчпаи тири дар сари синааш ҷойгирифта азобу шиканча дидааст.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҷодиёти шоир асосан аз қасида, ғазал иборат буда, қитъа ва рубоиёт низ дорад. Девони ӯ аз руйи чопи Теҳрон 18500 байтро дар бар мегирад. Таърихи фавти Муиззи соли 11241127 мебошад.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Эй руйи ту рахшандатар аз киблаи Зардушт,
Бе руйи ту чун зулфи куж аст маро пушт.
Ишки ту маро кушту хавои ту маро сухт,
Чаври ту маро хасту чафои ту маро кушт.
Харчанд ҳама чавру чафои ту кашидам,
харгиз накунам мехру вафои ту фаромушт.
Бархезу биё то зи руху зулфи ту имшаб,
Пурлола кунам доману пурмушк кунам мушт.
  1. 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
  2. Муиззӣ / Т. Неъматзода // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Шафеӣ Кадканӣ,Муҳаммад Ризо. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ.-Теҳрон, Интишороти Нил, 1380
  • Jan Rypka, History of Iranian Literature. Reidel Publishing Company. ASIN B-000-6BXVT-K