Мулло Муҳаммадшарифи Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Муҳаммадшарифи Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Анбар Мулло Муҳаммадшарифи Бухороӣ (? – 1914, Бухоро), шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Бухоро ба камол расидааст. Аз чанде дониИМАндони давраш илм омӯхта, чун олиму фозили давр шуҳрат ёфтааст. Дар дарбор хидмат намекард, вале баъзан қасидаҳову мадҳияҳо менавишт. Дар васфи амир Абдулаҳад (ҳукмр. 1885 – 1910) қасидае гуфта, ба инъомҳо сазовор ва ба мансаби давлатӣ соҳиб шудааст (китобдори мадрасаи Говкушон таъйин гардид). Илмҳои давраш – фароиз, ҳисоб, арӯзу қофия, санъатҳои бадеиро хуб медонист; муаммо, луғз менавишт, дар кушоданашон низ маҳорат дошт.

Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳои садаи 19, дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ оварда шудаанд.

Байтҳои зерин аз ӯст:

Чун сарви қадат ишватарозӣ кӣ тавонад?
Дар панҷаи шоҳини ту бозӣ кӣ тавонад?
Як умр ба рухсори арақноки ту густох,
Ҷуз зулфи қаҷат дастдарозӣ кӣ тавонад?
Пеши ту хиҷолат кашад аз сарв мусаввир,
Тақлиди ҳақиқат ба маҷозӣ кӣ тавонад?
Пеши нигаҳи шӯхи ҷафопешаат имрӯз,
Бо наргиси хунрези ту бозӣ кӣ тавонад?
Гесӯи ту аз Хизр дусад марҳала бигзашт,
Дарёфтан ин умри дарозе кӣ тавонад?
Ҷуз Анбари дилсӯхта дар миҷмари фурқат,
Ҷон бохтану сабргудозӣ кӣ тавонад?

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Айнӣ С., Намунаи адабиёти тоҷик, Д., 2010.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]