Муовия писари Абусуфиён

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Муовия ибни Абусуфиён аввалин халифаи Уммавиён аст. Таваллуди ӯ соли 15 қабл аз ҳиҷрӣ ва марги ӯ дар соли 60-и ҳиҷрӣ аст. Падараш Абусуфиён ва модараш Ҳинд.

Муовия пеш аз Ислом[вироиш]

Муовия дар биступанҷуми муҳаррами соли сиюҳафтуми омулфил баробар бо шашсади мелодӣ-се сол қабл аз биъсати Паёмбари Ислом (с) ва понздаҳ сол қабл аз ҳиҷрат, дар Макка таваллуд шуд. Падараш Абусуфиён аз саршининони Қурайш буд. Модараш Ҳинд духтари Атба буд. Насаби Муовия ба Ҳарб бини Умийя бини Абдушшамс бинни Абдуманнови Қаршӣ мерасид. Муовия ҳамроҳи падараш Абусуфиён дар бадр, Хандақ ва чанд ҷанги дигар бо Муҳаммад (с) ҷангиданд. Атба бинни Рабиъа гурӯҳе аҳ Қурайш дар ҷангҳои фуҷҷор буд.

Муовия аз Ислом то марги Муҳаммад бинни Абдуллоҳ[вироиш]

Муовия пас аз фатҳи Макка, дар бисту се солагӣ, ба ҳамроҳи падараш Абусуфиён ва бародараш Язид бинни Абусуфиён, дини исломро пазируфт. Гурӯҳе гуфтаанд Муовия ба мақоми китобати ваҳй расид, вале Муовия дар Макка сокин бул ва Муҳаммад баъд аз фатҳи Макка ба Мадина бозгашт ва то охири умр дар Мадина зиндагӣ кард.


Муовия дар замони хулафо[вироиш]

Пас аз вафоти Паёмбари Ислом дар соли шашсаду сивудуи мелодӣ, Муовия ба пайравии падараш аз байат бо Абубакр сар боз зад. Баҳонаи Муовия ва Абусуфиён ин буд, ки Абубакр аз қабилаи Бани тайим аст ва хилофат бояд аз они бани Ҳошим ё бани Умайя бошад. Саранҷом бо исрори Ҳишом бинни Умру, Абусуфиён ва писараш розӣ ба байъат бо Абубакр шуданд. Абубакр, Язид бинни Абусуфиён ва Муовияро ба Шом гусел кард. Язид дар он ҷо муваффақият ба даст овард ва Димишқ фатҳ шуд. Язид низ баҳукмронӣ ва вилояти Димишқ баргузида шуд. Умар бинни Хаттоб, Язидро дар ҳукмронии Димишқ ибқо кард ва Фаластин ва навоҳии атрофи онро қаламрави вай афзуд. Дар соли 18-и ҳиҷрӣ-қамарӣ Язид даргузашт ва бародараш Муовия ҷойи ӯро гирифт. Бо марги Умар, Усмон низ Муовияро дар қойи худ ибқо кард. Бад-ин тартиб Муовия дар замони хилофати се халифаи нахуст, ба тадриҷ дар Шом қудрат ва маҳбубият касб кард. Дар ҷараёни муҳосираи Усмон бо ин ки аз тарафи Усмон аз Муовия хоста шуда буд, ки кумакаш биёяд ва фурсати чунин коре ҳам барои Муовия вуҷуд дошт дар айни ҳол тааллул варзид.

Муовия дар замони хилофати Алӣ[вироиш]

Пас аз марги Усмон, Алӣ ибни Абитолиб ба хилофат расид. Алӣ пешниҳоди атрофиёнашро барои ибқои Муовия напазируфт ва ӯро аз оммат ва ҳукумати Шом азл кард. Муовия ба баҳонаи кушта шудани Усмон ва интиқоми хуни ӯ, вориди ҷанг бо Алӣ шуд. Мардуми Шом бо ӯ байат карданд ва бар алайҳи Алӣ ҳамдастон шуданд. Саранҷом ҷанги Сиффин дар гирифт. Дар ин ҷанг шикасти нахуст ба Муовия афтод. Аммо ба савобдиди Амруос Қуръон бар найза карданд ва ҳакамият матраҳ гашт. Натиҷаи ҳакамият халъиАлӣ ва таҳкими ҳукумати Муовия дар Шом буд.

Ташкили ҳукумати умавӣ[вироиш]

Муовия аз замони хилофати Алӣ ба хъилофат чашм духта буд ва баъд аз марги Алӣ, мавқеиятро муносиб дид. Мардум дар Ироқ бо Ҳасан бинни Алӣ байат карданд. Вале шомиён Муовияро халифа донистанд. Муовия ба Ироқ лашкар кашид ва Ҳасан бо дувоздаҳ ҳазор нафар ба муқобила бархост ва Қайс бинни Ибода, фармондеҳи лашкар буд ва Убайдуллоҳ бинни Аббос ҳам аз фармондеҳони сипоҳ. Пас аз муддате Ҳасан дарёфт, ки бо чунин лашкаре дигар ниёз ба душман нест. Ва идома додани ин ҷанг, муслиминро ба муслах бурдан аст. Сипоҳе, ки бо шоеъа мутафарриқ шаванд ва фармондеҳон ба чанд киса зар худро бифурушанд, барои шикаст хурдан ниёз ба душман надорад. Нақл аст, ки вақте сипоҳи Кӯфа ба Мадоин расид. Шоеъа шуд, ки Қайс бинни Ибода кушта шуд. Балвое дар лашкар бапо шуд ва мардум ба хаймаи Ҳасан рехтанд ва амволи ӯро ғорат карданд ва ҳатто гилеми зери пойи ӯро кашиданд. Ва пойи ӯро маҷрӯҳ карданд. Барои Ҳасан мусаҷҷал шуд, ки ҷанг бо Муовия, ҷуз шикаст ва рехтани хуни муслимин натиҷае дар нахоҳад дошт. Бинобар ин бо Муовия сулҳ кард ва хилофати ӯро ба чунин шарт ба Муовия супурд. Ин аввалин санги бинои силсилаи подшоҳии Умавиён дар торих буд. Силсилае, ки соли 91-и ҳиҷрӣ ва 89 мелодӣ дар тамоми мамолики исломӣ идома ёфт ва аз он пас беш аз 7 қарн дар Андалус ҷараён дошт.

Хилофати Муовия[вироиш]

Кушта шудани Алӣ бинни Абитолиб ба дасти Ибни Мулҷами Муродӣ, хилофати Муовияро таҳким кард. Хилофати Ҳасан бинни Алӣ, ки Кӯфиён бо ӯ байат карданд, сарнагирифт ва Муовия Ҳасанро ба осонӣ канор зад. Ҳасан бинни Алӣ аҳдномаи сулҳ бо Муовия баст ва хилофати ӯро бо шароите пазируфт. Муовия ҳангоме ки авзоъ барои ӯ мустақар шуд дар миёни мардуми Кӯфа хутбае эод кард ва гуфт: "Эй мардуми Кӯфа ман барои намоз ва закот ва ҳаҷ, бо шумо наҷангидам, ки медонам худатон намоз мехонед ва закот медиҳед ваба ҳаҷ меравед, вале бо шумо ҷангидам то бар шумо ҳукумат кунам то он ҷо ки гуфт: ҳар шароите ки бастам ва ҳар чизеро, ки ба Ҳасан бинни Алӣ қавл додаам зери ин ду поям мебошад, ки ба он вафо нахоҳам кард". Дар хилофати Муовия даҳҳоти араб чун Абрубни Ос, Муғайра бинни Шаъаба ва Зиёд ибни Абия нуфузи бисёре ёфтанд. Муовия ҳукумати Ироқро ба Муғайра, Мисрро ба Абру Ос ва Басра ва Кӯфаро ба зиёд дод. Ҳиҷоз ҳам ба Марвони Ҳакам дода шуд.

Интисоби ҳоким аз тарафи Муовия[вироиш]

Муовия пас аз ба даст гирифтани хилофат аз машҳуртарин сиёсатмадорон ва сардорони араб барои насабияти хилофат истифода кард. Ӯ ҳамччунин қабоили қудратманди яманиро пуштибони худ қарор дод. Албатта ӯ саъй мекард муносиби муҳими ҳукуматиро дар инҳисори қурайш ва бахусус Бани Умайя нигаҳ дорад. Муовия мардоне ҳамчун Амру Ос, Зиёд бинни Абия, Муғайра бинни Шаъаба, Буср бинни Арииртот, Марвон бинни Ҳакамро бо тамтиъ даври худаш ҷамъ кард. Маврихин, Муовия, Амру Ос, Зиёд бинни Абия ва Муғайра бинни шӯбаро аз риҷоли боҳуши араб медонистанд. Ва яке аз таърихнависон дар бораи ин чаҳор тан мегӯяд: "Бурдбортар ва сабуртар аз Муовия ва чобуктар ва сахитар аз Амруос ва якдил ва як забонтар аз Зиёд касеро надидам. Дарун ва беруни ин мард ахир аз ҳар ҷиҳат яксон буд. Аммо муғайра агар шаҳри ҳашт дарвозае бошад ва аз ҳеч дарвозаи он бидуни фиреб ва фусун касе берун омадан натавонад, Муғайра аз тамоми он ҳашт дарвоза берун меҷаҳад".

Иқдомоти давраи хилофат[вироиш]

Дар аҳдизилофати Муовия футуҳоти хориҷӣ идомаёфт. Мусалмонон Қибрисро фатҳ карданд ва то наздики Қастантания пеш рафтанд. Муовия барои ихлофи худ лашкаре падид овард. Вай дар одоб ва тартиботи лашкарӣ аз таҷрибаҳои русиҳои Шом ҳам истифода кард. Ин лашкарро вай ба василаҳои ҷангҳои ҳарсола ва муҳоҷамотӣ, ки доим ба билоди муҷовир ва безонс мекард, ҳамеша тоза нафс нигоҳ медошт. Ин муҳоҷамоти мустамир боис мешуд, ки душман натавонад ба қаламрави муслимин таҷовуз кунад. Як бор иддае аз тавоифи шимоли Сурия, ки ба Ҷароҷма шӯҳрат доштанд, ба таҳрики румиҳо ба Шом ҳуҷум оваранд ва аз Лубнон то Фаластин ба дасти Ҷароҷма афтод. Иддае аз Маволӣ ва исрои ин навоҳӣ, ки аз Муовия норозӣ буданд, ба Ҷароҷма пайвастанд. Муовия бо императори Безонс қароре баст, ки вай аз ҳимояти моҷароҷӯён дастбардорад ва дар иваз Исрои румиро бигирад. Муовия ҳамчунин тааҳуд кард, ки ҳар сола ба Безонс зироҷ бипардозад. Пас аз он Муовия, Ҷароҷмаро сари ҷои худ нишонд. Муовия чун ба лашкари Шом ҳамеша эҳтиёҷ дошт дар танзими кори лашкар диққати бисёре кард. Вай ҷайраи лашкариёнро ду баробар кард ва дар пардохти мавоҷиби онҳо кӯтоҳӣ накард. Ин бахшишҳо боис шуд, ки лашкариён аз Муовия итоат мекарданд ва дар ҷангҳо бо ӯ ҳамроҳ мешуданд. Вай дар тӯли хилофаташ бо румиҳои Шом дарҳоли ситез ва ҷанг буд, аммо пешрафте дар он ҷо надошт. Нисба ба масеҳиёни Шом равиши мулоимтаре пеш гирифт, зеро онҳо метавонистанд дар идораи корҳо ва сомонбахшидан ба молиётҳо вайро ёрӣ диҳанд. Муовия аз русуми девони Безонс тақлид кард ва созмони муросалот ва иттилооти пешрафтае ба вуҷуд овард. Муовия дар танзими кори байтулмол аз як масеҳӣ ба номи Сарҷун бинни Мансур истифода кард. Муовия бо истифода аз амволи мусулмонон бахшишҳои беҳисобе ба руасои араб кард. Муовия ҳамвора бо ду гурӯҳ Хавориҷ ва Шиаён дар душманӣ буд. У шиаёни Алиро мавриди озор ва азият қарор медод ва ҳатто баъзе шиаёни мӯътариз монанди Ҳаҷр бинни Адиро ба қатл расонид. Баъзе гуфтаанд Абузари Ғафорӣ ҳам ба ишорати ӯ кушта шуд. Боризтарин иқдоми Муовия барои таӯйири хилофат ба салтанат, меросӣ кардани хилофат буд. Яке аз нукоти муҳими муоҳада сохта шуда байни Ҳасан ва Муовия, ин буд, ки Муовия ҳақ надорад касеро ба унвони ҷонишини худ баъд аз марг таъйин кунад ва тасмимгирӣ дар ин замина ба уммат вогузор шавад. Аммо пас аз марги Ҳасан ӯ ба иллати ин ки ҳеҷ кас ҷурати мухолифат бо вайро надошт, писараш Язидро ба унвони ҷонишини худ дар соли 680-и мелодӣ таъйин намуд ва ба маънои воқеии калима, паймоншиканӣ кард. Ҳар чанд ба навиштаи Лоровисё Вуглерӣ таъйини Ҳасан ба унвони ҷонишини Муовия дар аҳдномаи сулҳ бо Муовия эҳтимолан тавассути нависандагони мутахири шиа барои костани интиқодоте, ки ба Ҳасан бинни Алӣ мешуд матраҳ шудааст. Зеро аввалан таъйини валиаҳд дар ҷомеаи исломии он замон амре бидени собиқа буд ва худи Муовия низ ҳанӯз дар он замон дар вазъияти пойдоре барои таъйини ҷонишин қарор надошт. Масъалаи хилофати Язид эътирозоти бисёреро ба дунбол дошт. Асҳоби Паёмбар, ансор ва муҳоҷирин онро написандиданд ва ба мухолифат бархостанд. Хавориҷ ва шиаёни Ироқ ҳам хилофати меъросиро рад мекарданд.





Пайвандҳо[вироиш]

Муовия писари Абусуфиён