Мусалам Қодирова
Таърихи таваллуд: | 8 май 1961 (63 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Турсунзода, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Мусаллам Асомиддиновна Қодирова — аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мусаллам Асомиддиновна Қодирова 8 майи соли 1961 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Дастпарвари Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) мебошад.
Фаъолияти кории худро ҳамчун роҳбари маҳфили «Зардӯзӣ» — и Хонаи пионерони ноҳияи Шаҳринав шурӯъ кардааст. Баъдан ба ҳайси муаллимаи фанни таълими меҳнат дар мактаби миёнаи №3-и ноҳия, нозири шуъбаи маорифи ноҳия, раиси кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия ифои вазифа намудааст.Солҳои 2000-2014 муовини раиси ноҳияи Шаҳринав буд. Аз 25 апрели соли 2014 инҷониб дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият дорад.
Узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав мебошад.
Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.
Бо медали «Хидмати шоиста», нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[2]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 23 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
- ↑ ҚОДИРОВА МУСАЛАМ АСОМИДДИНОВНА(пайванди дастнорас)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 май
- Зодагони соли 1961
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Турсунзода
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Занҳо-сиёсатмадорон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон