Мустафо Шарқӣ
Мустафо Назаров | |
Таърихи таваллуд: | 11 октябр 1920 |
Зодгоҳ: | Қаратоғ, ноҳияи Ҳисор |
Таърихи даргузашт: | 5 октябр 1985 (64 сол) |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Мустафо Шарқӣ (Мустафо Назаров; 11 октябри 1920, деҳаи Қаратоғ, ноҳияи Ҳисор — 5 октябри 1985) — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1961).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мустафо Назаров 11 октябри соли 1920 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Дар Омӯзишгоҳи саноат таҳсил кардааст. Котиби масъули рӯзномаи «Норак» будааст. Соли 1940 ба хидмати ҳарбӣ даъват шудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — артиллерист будааст. Соли 1946 ба ватан баргашта, дар нашрияҳои бачагон кор кардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ҳикоя барои бачагон — «Ҷӯраҳо» (1958), «Мададгорони бобо»(1960), «Мададгорони бобо»(1960), «Кабӯтарони сулҳ» (1964) ва ғ. мебошад. Китоби ҳикояву очеркҳояш «Меҳри модар» соли 1965 аз чоп баромадааст. Баъдан маҷмӯаи «Ҳикояҳо» (1975), «Ёру ҷӯраҳо» (1978) ва қиссаи «Таркиши охирин» (1978)-аш ба табъ расидаанд.
Мукофоту медалҳоо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо чанд ордену медали ҷангӣ сарфароз гардидааст.
Марг == Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
5 октябри соли 1985 аз олам даргузашт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ҷӯраҳо» (1958)
- «Мададгорони бобо»(1960)
- «Мададгорони бобо»(1960)
- «Кабӯтарони сулҳ» (1964)
- «Меҳри модар» (1965)
- «Ҳикояҳо» (1975)
- «Ёру ҷӯраҳо» (1978)
- «Таркиши охирин» (1978)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 295 ISBN 978-99947-2-379-9