Муҳаммадамин Аршад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадамин Аршад

Муҳаммадамин Аршад (форсӣ: محمدامین ارشد‎; қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Самарқанд ба дунё омада, дар ҳамин ҷо таҳсил карда ба камол расидааст. Тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ, ки ҳангоми 25-солагии Аршад ба вай муошират доштааст, мегӯяд, ки «чун шеъри худ банду басти шоирона дорад». Падараш ба зарробӣ (сикказании пули филиззӣ) шуғл меварзид, вале Аршад аз ин ҳунар бебаҳра будааст.

Бештар ба шеъру адаб таваҷҷӯҳ дошт. Дар муаммогӯӣ, кушодани сирри «Шабистони нукот» (асари Фаттоҳии Нишопурӣ) устод буд. Инчунин дар бадоҳатан гуфтани шеър, нигориши ашъори ҳаҷвӣ, моддаи таърих маҳорат доштааст. Дар шеърҳояш, ки ба сабки ҳиндӣ нигошта шудаанд, таваҷҷӯҳаш ба шоироне аз қабили Қосими Девона, Мирзо Ҷалоли Асир ба назар мерасад.

Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш ба воситаи тазкираҳову баёзҳо (мас., дар «Музакиру-л-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ 150 байт) то замони мо расидаанд.

Абёти зерин аз ӯст:

Қади шамшоди туро банда шавам,
Сарви озоди туро банда шавам,
Рангаш андоза бувад, бӯяш ноз,
Гули эҷоди туро банда шавам.
Дод аз бас ба ту таълим ҷафо,
Хӯи устоди туро банда шавам.
Роми андешаи ошиқ нашавад,
Шӯхии ёди туро банда шавам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]