Набиҷон Раҳимов
Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич | |
Акс:Набиҷон Раҳимов.png | |
Таърихи таваллуд | 12 октябр 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Исфара, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Муаррих, бостоншинос |
Ҷойҳои кор | Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | Доктори илмҳои таърих,(2007) |
Унвонҳои илмӣ | профессор (2010) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1975-1980), Донишкадаи ҳуқуқ ва андоз (1998-2000) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Набиҷон Раҳимов (Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич ; 24 октябри 1957, шаҳраки Нефтобод, ноҳияи Ифара, вилояти Суғд) — муаррих, бостоншинос, ходими калони илмӣ, номзади илмҳои таърих (1989), доктори илмҳои таърих (2007), профессор (2010), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Набиҷон Турдиалиевич Раҳимов 24 октябри соли 1957 дар шаҳраки Нефтободи ноҳияи Исфара дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1980 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1980-1983 дар аспирантури АИ ҶШС Тоҷикистон (ихтисоси “археология”) таҳсил кардааст. Дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: солҳои 1983-1984 лаборанти калони шуъбаи таърихи маданияти Пажӯҳишгоҳи таърихи ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон, корманди илмӣ (1984-1989), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ (1990-1996), муҳаққиқ-коромӯзи Донишгоҳи Ҳарвард (Кембриҷ, ИМА, 1997), корманди пешбари илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии гуманитарии ЮНЕСКО-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1996-2011), мудири осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(2000-2006), дотсент (2008-2009), профессори кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2009-2010), мудири кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010-2018).Аз моҳи сентябри 2018 то кунун - профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Фаъолиятҳои илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти илмии Раҳимов Набиҷон ба масъалаҳои таърих ва бостоншиносии халқи тоҷик, таърихи фарҳанги қадим ва асримиёнагии Осиёи Марказӣ равона намудааст. Ӯ дар ҳайати экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Шимолӣ ҳафриёти бисёр ёдгориҳои археологии Суғдро (димнаҳои Нуртеппа, Қалъаи Қаҳқаҳа, Сои Гургхона, Капатеппа, Хоняйлов ва ғайра) гузаронидааст. Раҳимов Н.Т. дар тайи даҳ сол (1980-1990) ҳафриёти харобаҳои Муғтеппаро дар Истаравшан (Уротеппа) анҷом дода қабадбандии мадании ин ёдгориро муайян намуда таърихи шаҳрсозии Истаравшанро омӯхтааст. Моҳи июли соли 1989 рисолаи номзадиаш «Таърихи Ӯротеппа дар асоси маводҳои бостоншиносӣ (Қабадбандии археологии Ӯротеппа)”-ро ҳимоя кардааст. Соли 2007 бошад таҳти мушовири академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Неъматов Н.Н. рисолаи докториаш «Шаҳргароии воҳаи миёнруди Сирдарё (ҳазораҳои 1 т.м. – 1 милодӣ)»-ро дифоъ намудааст. Раҳимов Н.Т. иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Душанбе, 1982, 1992; Москва, 1983; Ашқобод 1983; Самарқанд, 1986; Ню-Йорк, 1997; Хуҷанд, 1998, 2009, 2010, 2011; Ўш, 2000; Ҳалле, 2005; Бостон, 2009; Истамбул, 2011, 2012) ва намоишҳои байналхалқӣ дар Ленинград (Санкт-Петербург, ФР, 1985); Нара,Ҷопон, 1988 ва диг. Раҳимов Н.Т. иштирокчи ва яке аз иҷрокунандагони якчанд Лоиҳаҳои байналхалқӣ: “Лоиҳа оид ба омӯзиши ёдгориҳои археологии вилояти Суғд” (Донишгоҳи Ҳалле-Виттенберг ба номи М.Лютер, Ҳалле, Олмон, 2005-2007), “Ташаббуси омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кафқоз” (Будапешт, Маҷористон, 2012-2014) ва диг. мебошад. Зери роҳбарии профессор Н.Т.Раҳимов олимони ҷавон Икромов Н., Ҷӯраев М. ва Ғайбуллоева М. рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳимов Н. Т. муаллифи бештар аз 300 асари илмӣ, илмии оммавӣ оид ба масоили таърихи қадим ва асрҳои миёнаи халқи тоҷик, таърихи фарҳанг ва бостоншиносӣ аст. Раҳимов Н.Т. дар таълифи нашри нави 6-ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (ҷ.2, Душанбе, 1999) иштирок кардааст. Китобҳои профессор Раҳимов Н.Т. – “Аз таърихи маданияти моддии Тоҷикистон. Кӯшки Каппатеппа”, “Мақбараи Ҳазрати Шоҳ. Омӯзиши археологӣ”, Очерки таърихи Воҳкати асримиёнагӣ”, “Истаравшани қадим: шаҳрҳо, санагузорӣ ва ҷойгиршавии онҳо”, “Нақши шарқшиносони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги аҳолии Тоҷикистони шимолӣ”, “Ёдгориҳои археологии Куҳистони Истаравшан”, “Ёдгориҳои археологии миёнруди Сирдарё дар Шоҳроҳи Абрешим” ва дигарҳо ба нашр расидаанд, ки аз дастовардҳои муҳими илмиро соҳиб будани ин олими тоҷик дарак медиҳад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Из истории материальной культуры Таджикистана. Замок Каппатепа /Н.Т.Рахимов. - Худжанд, Гос.изд.-во им. Рахим Джалиля. - 2001, 140 с.
- Мавзолей Хазрати Шох. Археологическое изучение памятника/Н.Т.Рахимов. - Худжанд, Изд.-во ХГУ “Нури маърифат”, 2002. - 38 с.
- Материалы к историографии гражданской войны в Таджикистане (1992-1997 гг.): обзор зарубежной литературы/Н.Т.Рахимов. - Худжанд, Изд.-во РТ СГУ, 2002. - 60 с.
- Музей археологии и фортификации Худжанда/Н.Т. Рахимов. - Худжанд, Изд-во “Нури маърифат”, 2003. - 34 с.
- Археологическая стратиграфия Ура-Тюбе/ Материальная культура Уструшаны, вып.6. - Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология/Н.Т.Рахимов - Душанбе: Ому, 2003. - с.137-266 (128 с)
- История Вагката-Уратюбе в средние века/ Материальная культура Уструшаны, вып. 8- Древняя Уструшаны: города, их локализация и хронология. МКТ, вып.: №№ 5-8. /Н.Т.Рахимов. - Душанбе, 2003 - с.564-606 (42 с.)
- Очерк средневековой истории Вагката-Уратюбе в IX-XVI вв./Н.Т.Рахимов. - Худжанд,“Нури маърифат”, 2004. - 140 с.
- Khujand Museum of Archeology and Fortification. Brief museum guide/N.T.Rahimov. - Khujand, 2006. - 38 р.
- Археологические памятники Согдийской области/Н.Т.Рахимов, А.К.Мирбабаев. - Худжанд: Ношир, 2008. - 60 с.
- В поисках следов прошлого: профессору А.К.Мирбабаеву – 70 лет. Под ред. профессора К.О.Каримова/Н.Т.Рахимов, Х.Холджураев. – Худжанд, 2009. - 84 с.
- Профессор А.К.Мирбобоев – таърихшинос, бостоншинос, фарҳангшинос..Мирбабаеву- 70 лет. Под ред. профессора К.О.Каримова/Н.Т.Рахимов, Х.Холджураев. – Худжанд, 2009. - 136 с.
- Сахми шаркшиносони рус дар омузиши таърих ва маданияти аҳолии Тоҷикистони Шимоли/Н.Т. Рахимов, Н.Икромов. -Хуҷанд: Меъроч, 2015. - 104 с.
- Урбанизация бассейна средней Сырдарьи (1 тыс. до н.э. - нач.2 тыс. н.э.). Научное издание/Н.Т.Рахимов. -Худжанд: Меъроч, 2015. - 268 с.
- Археологические памятники Горной Уструшаны. Монография/ Н.Т.Рахимов. – Худжанд, 2016. - 212 с.
- Таджикистан: Археологические памятники ВШП (Фергано-Сырдарьинский коридор)/Н.Т.Рахимов. Монография, - Душанбе, 2018. - 110 с.
- Tajikistan: Archaeological sites on Silk Road (Fergana-Syrdarya corridor). - Dushanbe, 2018. - 110 р.
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- История государства и права Республики Таджикистан. Юнита 1. (Учебно-методическое пособие). - Худжанд, Гос. изд.-во Рахима Джалиля 2001, 70 с.
- История государства и права Республики Таджикистан. Юнита 2. (Учебно-методическое пособие). - Худжанд, Гос. изд.-во им.Рахима Джалиля, 2001, 80 с.
- Археологическая практика. Учебное пособие. - Худжанд: Нури маърифат, 2011. - 52 с.
- Маълумотномаи археологӣ. Дастури методӣ-таълимӣ. - Хуҷанд:Нури маърифат, 2011. - 68 с.
- Бостоншиносӣ. Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси “таърих-бостоншиносӣ”. - Худжанд, 2016. - 80 с..
Мукофотҳо ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)
- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016)