Назруллоҳи Азизиён
Назрулло Азизов | |
Таърихи таваллуд | 19 октябр 1967 |
Зодгоҳ | ноҳияи Исфара ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Пеша | шоир |
Назруллоҳи Азизиён (Назруло Мирахмадович Азизов) — шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Назруллоҳи Азизиён 19 октябри соли 1967 дар деҳаи Ворух ноҳияи Исфара таваллуд ёфта, соли 1984 мактаби миёнаи № 21 зодгоҳашро хатм кардааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1991). Солҳои 1991—1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» муҳаррири шӯъба ва котиби масъул, солҳои 1992—2001 омӯзгори мактаби деҳаи Ворух, 2001—2003 корманди рӯзномаи «Нилуфар» ва муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Лочин» будааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ашъораш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Чил қалам», «Армуғони ғазал» ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд. Соҳиби маҷмӯаҳои шеърии «Ҷоми чашм» (2007), «Сояҳои офтобӣ» (2007) ва «Аз гил ва гул» (2008) мебошад. Барои силсилаи шеърҳои «Хоҳам, ки дар рагҳои гул ҷорӣ шавам чун хуни гул» беҳтарин муаллифи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 1991 дониста шудааст.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 18 ISBN 978-99947-2-379-9