Jump to content

Наталия Орейро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наталия Мариса Орейро Иглесиас
исп. Natalia Marisa Oreiro Iglesias
Ном ба ҳангоми таваллуд: исп. Natalia Marisa Oreiro Iglesias
Таърихи таваллуд: 31 январ 1978(1978-01-31) (46 сол)
Зодгоҳ: Монтевидео, Уругвай
Шаҳрвандӣ:  Уругвай ва  Испания
Касб: овозхон, мудел, бозигари синамо, ҳунарпешаи телевизион, таронасаро, тарроҳи муд, тоҷир, ҳунарпеша
Корнома: 2000-то ҳол
Самт: попи амрикоиву-лотини[d] ва поп-рок[d]
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0649638
nataliaoreiro.com(исп.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Наталия Мариса Орейро Иглесиас (исп. Natalia Marisa Oreiro Iglesias; 19 май 1977, Монтевидео, Уругвай) — ҳунарпеша, овозхон ва тарроҳи Уругвай. Ҳунарнамои дар нақши асосии сериоли «Фариштаи ваҳшӣ», истеҳсоли Аргентина Наталия Орейраро дар дунё машҳур кард.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Наталия Мариса Орейро Иглесиас, 19 майи соли 1977, дар ш. Монтевидео, Уругвай таваллуд шудааст.

Шаҳрванди Уругвай буда, аз соли 1994 то имрӯз кору фаъолият дорад. Дар жанри мусиқии попи Амрикои лотинӣ бештар суруд месарояд. Наталия Мариса Орейро Иглесиас (испанӣ Natalia Marisa Oreiro Iglesias), аз соли 2011 — Сафири соҳибихтиёрии ЮНИСЕФ дар минтақаи Рио-де-Ла-Плата, Аргентина ва Уругвай мебошад. Наталия — футболро бениҳоят дӯст медорад ва дар филмҳояш низ бо тӯб бозӣ карданашро нишон медиҳад, аз хурдиаш ба дастаи футболи «Рампла Хуниорс» шаҳри Монтевидео мухлисӣ мекунад; 7 июни соли 2018 Наталия Орейро дар барномаи «Мурзилки LIVE», аз Авторадиои Русия суруди «United by Love» — ро, ки махсус барои ҳаводорони футбол тайёр карда буд сароид. Ин суруд бо забонҳои англисӣ, испанӣ ва русӣ буда барои сулҳ ва муҳаббат қисса мекунад. Баъд аз намоиши силсилафилми «Фариштаи ваҳшӣ» дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд пайдо кард.