Наъно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наъно

Наъно (лот. Mentha piperita), наъноъ, пудинаи боғӣ, ҳулбӯи обӣ, гиёҳест бисёрсолаи хушбӯй. Баландиаш 50 – 100 см; пояаш рости сершоха, баргаш байзашакли дарозрӯя (дарозиаш 3 – 6 см, бараш 1,5 – 2 см), гулаш майда, сурхтоби бунафш, гулобӣ ё бунафш, хушбӯю сершаҳд (занбӯри асал аз гули 1 га наънозор то 200 кг шаҳд меғундорад), мевааш чормағзаки бӯри сиёҳтоб, моҳҳои июн – сент. гул мекунад. Хеле кам тухм мебандад. Н. – ро фақат кишт мекунанд. Сабзаҷоти машҳур будани Н.-ро ҳанӯз Абӯалӣ Сино қайд карда буд. Тоҷикон Н.-ро аз қадимулайём бо таомҳои гуногун истеъмол менамоянд. Тахмин мекунанд, ки Н.-ро дар натиҷаи дурага кардани ду намуди пудина Mentha aquatica ва M. spicata ба вуҷуд овардаанд. Махсусан ду хели Н. – сафеднаъно (M. piperita f. palescens) ва сиёҳнаъно (M. piperita f. rubescens) маъмул аст. Хусусиятҳои доруии Н. ҳанӯз ба Диоскорид (а. 1 м.), Ҷолинус, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ Сино, Берунӣ ва диг. маълум буд. Мас., Абӯалӣ Сино марҳамеро, ки аз Н. тайёр мекард, барои табобати дарди сар, ҳар гуна римхона ва ғ. истифода мебурд, бо оби Н. бошад, бемориҳои меъда, гӯш ва зардпарвинро дармон мебахшид; тухми Н.-ро позаҳр меҳисобид. Дар фитотерапия бо Н. гипертония (ғалаёни хун), атеросклероз, иллати гурда, ҷигар, рӯдаву меъдаро муолиҷа мекунанд. Агар Н.-ро бихӯранд, гармӣ мебахшад, дилро қавӣ мегардонад, хуни ғафсро рақиқ месозад. Оби Н. – и тару тозаро дар офтоб ғафс гардонда биёшоманд, хунравӣ ва хунпартоиро қатъ мекунад, узвҳои дарунро аз моддаҳои зарарнок пок менамояд. Чун Н.-ро бо сунбул дар об биҷӯшонанд ва он обро бинӯшанд, дарди дилро шифо мебахшад. Истеъмоли ду-се шохча Н. бо оби анори турш ҳикакро таскин медиҳад, дилбеҳузурӣ, қай ва исҳолро манъ мекунад, иштиҳо меоварад, дарди дил ва синаро рафъ месозад. Агар Н.-ро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, пучакро мепазонад.

Дар амалияи тибби муосир барг, равғани эфири Н. ва ментолеро, ки аз он ҳосил мекунанд, барои табобати зиқи дил, невралгия, шақиқа, бемориҳои илтиҳобӣ, узвҳои ҳозима, ҷигар ва ғ. истифода мебаранд.



Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: