Нигаҳдошт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нигаҳдошт (нигаҳдорӣ) - дар ҳуқуқи гражданӣ уҳдадориест, ки аз шартномаи нигаҳдошт ё тибқи қонун бармеояд. Тибқи шартномаи нигаҳдошт як тараф (нигаҳбон) уҳдадор мешавад, ки ашёи додаи тарафи дигар (молгузор)-ро нигаҳбонӣ мекунад ва ин ашёро беосеб бармегардонад (қ.1 м.972 КГҶТ). Нигилизми ҳуқуқӣ — яке аз шаклҳои дарки яктарафа, ғайриилмӣ ва беарзиши ҳуқуқ, усули номатлуби нигориш нисбат ба ҳуқуқ аст, ки аҳамият, нақш, арзиш ва зарурати ҳуқуқро дар ҷомеа паст ё тамоман инкор мекунад. Ба ин маъно онро муҳаққиқоне истифода намудаанд, ки бештар ҷонибдорони назарияҳои зӯроварӣ, нажодпарастӣ, фашистӣ ва ғайра буданд. Нигилизми ҳуқуқӣ вориди шуури ҳуқуқии (яке аз унсурҳои қобили қабул набудаи) одамон низ шуда метавонад. Дар натиҷа он ба яке аз шаклҳои (дар айни замон номатлуби) мафкураи ҳуқуқии одамон табдил меёбад, ки дар нобоварии онҳо ба қонунҳо, нақшашон дар дигаргунсозии ҷамъиятӣ, нисбат ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зоҳир мегардад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 333