Низомии Арӯзии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Низомии Арӯзии Самарқандӣ
форсӣ: نظامی عروضی
Таърихи таваллуд: 1110[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1161[1][2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: мақоланавис, шоир, файласуф
Забони осор: форсӣ

Аҳмад ибни Умар ибни Алӣ Низомии Арӯзии Самарқандӣ (форсӣ: احمد بن عمر بن علی نظامی عروضی سمرقندی‎; 1110[1][2], Самарқанд[3]1161[1][2], Хоразм) — шоир, нависанда, ҳаким ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Тақрибан солҳои 90 асри 11 дар Са­марқанд ба дунё омада, то нимаи дуюми асри 12 дар шаҳрҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон, бештар дар қисмати шимолу ғарбии Афғонистон (Бомиён, Фирузкӯҳ) зистааст. Дар бораи Низомии Арӯзии Самарқкндӣ чанде аз тазки­раҳо ва маъхазҳои адабӣ маълумот медиҳанд.

Тафсилоти пурратари тарҷумаи ҳоли Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар асари худаш — «Чаҳор мақола» дарҷ гардидааст. Айёми ҷавонӣ ва таҳсили ӯ дар Самарқанд гузаштааст. Ҳангоми сафар дар шаҳри Балх ба сӯҳбати Умари Хайём расидааст. Баъд аз ин вохӯрӣ Хайёмро устоди худ меҳисобид. Соли 1136 қабри Хайёмро зиёрат карда тафсилоти вохӯрӣ ва сӯҳбаташро бо Хайём дар «Чаҳор мақола» бо ҳаяҷони зиёде ҳикоят кардааст. Тақрибан солҳои 1116/17 Низомии Арӯзии Самарқандӣ ба хидмати дарбори султон Санҷар ба ҳаволии Тӯс рафта, қасидае ба амирушшуаро Муиззӣ пешкаш карда, аз носозгории рӯзгораш ба Муиззӣ шикоят мебарад. Низомии Арӯзии Самарқандӣ 45 соли умри худро дар хидмати дарбори Ғуриён гузаронидааст. Ҳангоми дар Бомиён дар хидмати Фах- руддини Масъуд буданаш «Чаҳор мақола»-ро таълиф намуда, ба писа­ри ҳокими мазкур Абулҳасан Алӣ мебахшад.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ марди донишманд, соҳибзавк ва дӯстдори аҳли илму адаб буд. Дар «Чаҳор мақола» тасдиқ мекунад, ки аз ҳар навъи дониш, яъне дабирӣ, шоирӣ, табибӣ ва илми нуҷум баҳравар аст. Осори манзуми Низомии Арӯзии Самарқандӣ асосан тавассути «Чаҳор мақола» то замони мо раси­дааст. Аз ҳунари шоирии Низомии Арӯзии Самарқандӣ яке аз ҳикоятҳои «Чаҳор мақола» шаҳодат медиҳад. Дар яке аз маҷлисҳои дарбори Қутбуддин ном ҳокиме аз авлоди Ғуриён Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар ҳузури амир Амид Сафиуддин ном шахсе бадоҳатан шеъре гуфта мақоми худро дар байни ду шоири дигар, ки «Низомӣ» тахаллус доштаанд, баён медорад. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар таърихи илму маданияти мо аз ҷумлаи шахсони пешқадамест, ки ба хидматҳои адабию илмии Рӯдакӣ, Хайём, Ибни Сино барин нобиғаҳо баҳои баланд додааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Низомии Арӯзии Самарқандӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).