Теодор Нёлдеке

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нёлдеке, Теодор)
Теодор Нёлдеке
олмонӣ: Theodor Nöldeke
Таърихи таваллуд 2 март 1836(1836-03-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 25 декабр 1930(1930-12-25)[4][1][2][…] (94 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шарқшиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Bavarian Maximilian Order for Science and Art Pour le Mérite for Sciences and Arts order
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Теодор Нёлдеке (олмонӣ: Theodor Nöldeke; 2 марти 1836, Харбург — 25 декабри 1930, Карлсруэ) — яке аз барҷастатарин ховаршиносон олмонӣ, Қуръонпажӯҳ ва нависандаи китоби «Таърихи Қуръон» ба забони олмонӣ аст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Нёлдеке дар соли 1836 мелодӣ дар шаҳри Ҳамбург ба дунё омад. Даврони таҳсили худро дар Олмон гузаронд ва ба вежа таҳсилоти олиро дар донишгоҳҳои Гутинген ва Берлин тай кард ва низ барои таҳсил ба пойтахти Утриш ва Лейдан дар ҷануби Ҳоланд рафт. Теодор Нёлдеке, дар забонҳои cомӣ (арабӣ, сурёнӣ, ибрӣ ва оромӣ...) тахассус пайдо кард ва бо забони форсӣ низ ба хубӣ ошно шуд. Дар соли 1861 яъне дар 25-солагӣ ба мақоми устодӣ дар Донишгоҳи Гутинген дар риштаи забонҳои cомӣ ва таърихи ислом ноил омад. Дар соли 1872 ба Донишгоҳи Страсбург роҳ ёфт ва дар онҷо ба самти устодӣ машғули ба кор шуд. Вай наздик ба 95 сол зиндагӣ кард ва дар соли 1930 даргузашт. Нёлдеке дар миёни ховаршиносон аз аҳаммияти вежае бархурдор аст ва аз ӯ бо эҳтиром ёд мекунанд ва осорашро арҷ мениҳанд. Ӯ аз ховаршиносони пажӯҳанда ва барҷаста ба шумор меояд, ки бисёре аз ховаршиносони рӯзгори хеш ва мусташриқони пас аз худро таҳти таъсир қарор додааст. 

Мунтахаби таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳиммтарин осоре, ки аз Теодор Нёлдеке ба ҷой монда ба қарори зер аст:

  • Таърихи Қуръон: Ин китоб дар Аврупо аз шуҳрати фаровон бархурдор шуд ва мавриди таваҷҷуҳи ховаршиносон қарор гирифт. Ӯ аввалин касе аст, ки ин навъ шеваи пажӯҳиш дар бораи оёт ва сураҳои Қуръон ба кор мебарад. Нёлдеке ба хотири ҳамин китоб ба дарёфти ҷоизае аз сӯи Академияи Фаронса ноил омад. Китоби мазбур тавассути Сайид Муҳаммад Биҳиштӣ ба форсӣ тарҷума шудааст[5]. Нёлдеке дар китоби «Таърихи Қуръон» як намуна тартиби нузулро пешниҳод мекунад.
  • Зиндагонии Муҳаммад (с): Ин китоб ҳарчанд ба наҳви эҷоз ва ихтисор навишта шуда, вале Нёлдеке бо эътимод ба маохизи таърихӣ, онро ба нигориш даровардааст. Дар айни ҳол, ҷойи нақд ва нуктагирӣ дар он холӣ нест.
  • Таърихи эрониён ва арабҳо дар замони Соcониён: Ин китоб бахше аз "Таърих"-и Абуҷаъфари Табарӣ шумурда мешавад, ки Нёлдеке онро ба олмонӣ тарҷума карда ва бо таълиқот муфассал ба чоп расондааст. Китоб ба василаи Аббоси Зарёб ба форсӣ баргардонда шуда ва аз сӯи Анҷумани осори миллӣ ба чоп расидааст.
  • Ҳамосаи миллии Эрон: Ин китобро Нёлдеке дар бораи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ навишта ва Бузурги Алавӣ онро ба форсӣ баргардондааст. Саъид Нафисӣ дар хилоли муқаддимае, ки бар он нигошта, хурдагириҳое аз китоби мазбур намудааст.
  • Асоси забоншиносии Эрон: Ин китоб дар ду муҷаллад дар Штуросбург ба чоп расидааст.

Нёлдеке китобе дар бораи наҳви арабӣ ва пажӯҳишҳое дар бораи ашъори шоирони қадими араб ва осори дигаре низ аз худ ба ҷой ниҳодааст[6].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Theodor Nöldeke — 2009.
  3. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 Нёльдеке Теодор // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. . www.iran-newspaper.com. 11 май 2024 санҷида шуд.
  6. [آثار در عشق تراژدی از خامس نظامی] / : نظامی گنجوی. Afghanistan Centre at Kabul University. 1561. 

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Офарин Ҷ. Die arabischen Studien дар Аврупо. - Лейпциг, 1955. — С. 167, 196, 208, 211, 213, 214, 217, 234, 237, 238, 255, 262, 278-282, 284, 288, 302, 311, 313, 31.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]