Озмоишгоҳи зироатҳои чормағзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Озмоишгоҳи зироатҳои чормағзӣ дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2008 дар заминҳои лалмии минтақаи Шоҳамбарии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор кушода шудааст. Профессор Нимадҷонова К. Н. вазифаи мудириашро ба уҳда дорад. .

Фаъолияти озмоишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Масоили самаранок истифодабарии заминҳои корам, махсусан заминҳои корами лалмие, ки дар минтақаҳои аз бориш таъмини ҷумҳурӣ ва рушдбахшӣ ба боғдорӣ дар заминҳои корами лалмӣ зарурати таъсиси чунин озмоишгоҳро ба миён овард. Дар пойгоҳи озмоишгоҳ дар айни замон парвариши чормағз, писта ва бодом ба роҳ монда шудааст. Оиди ин зироатҳо барномаҳои илмӣ ҷиҳати технологияи парваришу интихоби навъу намудҳои зироатҳои чормағзӣ тарҳрезӣ шудаанд. Он ҳамчун пойгоҳи машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ истифода бурда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]