Офтоб Шивдасонӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Офтоб Шивдасонӣ
Зодрӯз 25 июн, 1978
Зодгоҳ {{{Зодгоҳ}}}

Офтоб Шивдасонӣ яке аз ситорагони машҳури Болливуд дар айни ҳол мебошад. Ӯ 25 июни соли 1978 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ба дунё омадааст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Ӯ коллеҷи тиҷорати шаҳри Мумбайро хатм намудааст. Ӯ ҳанӯз аз замони кӯдакияш дар филмҳо иштирок мекард ва яке аз машҳуртарин ҳунарпешагони хурдсоли давронаш буд. Офтоб дар филмҳои машҳури онвақта “Мистер Индия”, “Шоҳаншоҳ” ва “Инсоният” нақш офарида буд. Вале нақши аввалине, ки роҳи Болливудро ба ӯ кушод, иштирок дар филми “Маст” буд. Дар ин филм, ки коргардонаш Рам Гопал Верма буд, Офтоб бо ҳамроҳии ҳунарпеша Урмила Матондкар нақш офарид ва соҳиби ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди дебютант гардид. Вале, ба ҳар ҳол, карйераи Офтобро он қадар бомуваффақият гуфтан ҷоиз нест. Ин шояд аз сабаби он бошад, ки Офтоб нақшҳо ва филмҳои ба ӯ пешниҳодшавандаро худаш интихоб мекунад ва аз бозӣ кардан дар нақшҳои ҷиддӣ шарм медорад.

Ба ин нигоҳ накарда, ӯ дар чунин филмҳои машҳур, аз қабили Awara Paagal Deewana (2002), Hungama (2003) ва “Мастӣ” (2004) нақш офарид. Хусусан, филми “Мастӣ” (2004) хеле машҳур гардид. Он дар бораи се рафиқе, ки арӯсонашонро медузданд, ҳикоят мекунад. Офтоб то ҳол чун яке аз ситорагони обрӯманди синамои Ҳинд боқӣ мемонад.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Волидайни Офтоб пайравони динҳои гуногун мебошанд. Модари ӯ мусулмон буда, падараш пайрави дини ҳиндувон мебошад. Худи Офтоб бошад нимсингҳӣ аст. Офтоб бо ҳунарпешаи чех Яна Гупта ишқварзӣ мекунад ва ҳоло кӯшиши ӯро ба дунёи Болливуд ворид кардан дорад. Офтоб Шивдасонӣ яке аз хушрӯйтарин ҳунарпешагони синамои Ҳиндустон мебошад.

Офтоб зебоии табиатро дӯст медорад. Ӯ бештар аз он метарсад, ки наздиконашро аз даст медиҳад. Офтоб дастгирии наздикону аҳли оиларо хеле муҳим мешуморад. Ба ақидаи ӯ, тақдири ҳар як инсон дар дасти худаш мебошад.

Филмҳои офарида[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]