Папирусҳои риёзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масъалаи 14-и папируси риёзии Маскав (V. Struve, 1930)

Папирусҳои риёзӣ — ёдгориҳои илмии Мисри Қадим, ки ба асрҳои 21—18 то мелод мансубанд. Маъмултарини папирусҳои риёзӣ папируси Ринд (дар музеи Британия) ва папируси Москва (дар Музейи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин) аст.

Папируси Ринд аз номи со­ҳиби он — мисршинос А. Ринд (Rhind) бори аввал аз тарафи ма­тематики немис А. Эйзенлор тадқиқ ва соли 1877 нашр шудааст. Папируси Ринд аз маҷмӯи ҳалҳои 84 масъалае, ки татбиқи амалӣ доштанд иборат аст; ин масъалаҳо ба иҷрои амалҳо бар касрҳо, муайян кардани масоҳати росткунҷа, секунҷа, трапетсия ва доира, ҳачми параллелепипед ва силиндр, ҳалли масъалаҳои ариф­метики ва ғайра доиранд. Вале дар он ягон қоидаи умумии ҳалли ин масъ­алаҳо дода нашудааст.

Папируси Москваро мисршиносон Б. А. Тураев (1917) ва В. В. Струве (1927) омӯхтаанд; соли 1930 ба забони немисӣ пурра нашр шуда­аст. Он усулҳои ҳалли 25 масъалаеро, ки ба масъалаҳои папируси Ринд монанданд, дарбар мегирад. Омӯзиши папирусҳои риёзӣ аз вазъи илми мате­матика дар Мисри Қадим маълумот медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Выгодский М. Я., Арифмети­ка и алгебра в древнем мире, 2 изд., М., 1967.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]