Порошин Константин Титович
Таърихи таваллуд | 1907 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1971 |
Фазои илмӣ | академик,олим |
Порошин Константин Титович — Доктори илми химия (1952), профессор (1964). Академик (1960), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Порошин Константин Титович (1907-1971) Институти саноати шири Вологдаро хатм кардааст (1931). ихтисос – «химияи органикӣ»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи сафедаҳо ва пептидҳо (таркиби полипептидҳо, таркибҳои фаъоли биологӣ дар асоси α–аминокислотаҳо, пептидҳо, аналогҳои фосфинии пептидҳо, сафедаҳо ва алкалоидҳо). Котиби илмии Шуъбаи илмҳои химияи АИ ИҶШС (1948-1955), муовини академик-котиби Шуъбаи илмҳои химияи АИ ИҶШС (1955-1957), ходими калони илмии Институти химияи органикии АИ ИҶШС (1957-1960). Ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1971), роҳбари илмии озмоишгоҳи химияи таркибҳои табиии Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1971).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои мудофиаи Москва», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоиста», «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[2]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе:Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |