Протромбин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Протромбин, сафедаи плазмаи хун. Зери таъсири Протромбин сафедаи дар хун ҳалшуда – фибриноген ба лахтаи фибрин табдил меёбад, ки рагҳоро мебандад. Протромбин мисли диг. омилҳои лахтабандии хун (VII, IX, X) зери таъсири витамини К дар ҷигар ҳосил мешавад. Дар таркиби хун коҳиш ёфтани омилҳои мазкур боиси хуншорӣ мегардад. Сабаби коҳиши омилҳо асосан бемориҳои вазнини ҷигар, дар организм нарасидани витамини К ё ихтилоли ҷаббиши он дар рӯда, заҳролудӣ аз антикоагулянтҳо (дикумарин, пелентан, синкумар, фенилин ва ғайра) мебошанд. Бо мақсади пешгирӣ ва табобати хуншории марбут ба Протромбин ба мушак ё вена викасол (доруи дар об ҳалшавандаи витамини К) мефиристанд, баъзан хуни тозаи донорӣ мегузаронанд[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энскилопедияи Донишгоҳи Давлтатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/p/protrombin/19-1-0-2021(пайванди дастнорас)