Равоншиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Равоншиносӣ - иборат аз таҳқиқ ва баррасии илмӣ дар рафтори мавҷуди зинда аст ва ба он шоха аз маърифати одамӣ гуфта мешавад, ки ёфтаҳо ва кашфиёти он аз роҳи малакаҳо ва усули мавриди қабули равоншиносон ба даст омада бошад. Тавре ки мушоҳида мешавад равоншиносӣ, тавзеҳи илмӣ дар бораи рафтори мавҷуди зинда аст, на танҳо дар бораи инсон. Рафтор ба ҳар куниш ва вокунише гуфта мешавад, ки аз мавҷуди зинда ба сурати ошкор ва пинҳон сар мезанад. Чунонки баланду паст гап задан, тез роҳ рафтан ва ҳатто нигоҳ ва сукут ҳам дар равоншиносӣ рафтор шумурда мешавад. Пас рафтор амре махсус аст ва ҷанбаи каммию кайфӣ ва шиддату заъф дорад, ҳамон гуна ки дар илми физика шиддати нур ва савтро андоза мегиранд, дар равоншиносӣ низ метавон аз роҳи санҷиш ба каммияту кайфият ва шиддати рафтор пай бурд

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]