Расадхонаи Улуғбек

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Самарқанд. Cоли1929 . Намуди зоҳирии бокимондахои обсерваторияи Улуғбек

Расадхонаи Улуғбек ё Обсерваторияи Улуғбек — яке аз обсерваторияҳои асосии асрҳои миёна ба ҳисоб меравад, ки аз тарафи Улуғбек дар теппаи Куҳак, наздикии шаҳри Самарқанд солҳои 14241428 сохта шудааст. Боқимондаҳои обсерватория аз тарафи археолог В. Л. Вяткин соли 1908 ёфт гардидааст. Боқимондаҳои обсерватория аз рӯи хуҷҷатҳои асри XVII ёфт карда шуданд. Соли 1948 экспедицияи Институти таърих ва археологияи Академияи илмҳои Ӯзбекскистон, ки таҳти роҳбарии археолог В. А. Шишкин (1893—1966) омода карда шуда буд, пойдеворҳои обсерваторияро ёфт карданд.

Самарқанд. Намуди қисмҳои боқимондаи секстанти обсерваторияи Улуғбек

Мувофиқи азнавсози муайян гашт, ки обсерватория ба монанди силиндри сеошёна буда, баландиаш 30,4 м ва диаметраш 46,40 м буд ва дар даруни он аз шимол ба чануб — секстант (ва ё квадрант [2]) ном асбобе чой кунонда шуда буд, ки радиуси он 40,21 м буд. Бо ин асбоб баландии чисмхои осмониро чен мекарданд. Асбоби секстант дар вакти кофту коб ёфта шуда, дар зери хок хеле хуб то замони мо омада расидааст.

Нимкурраи ин асбоб аз ду тараф бо ду барер махдуд карда шудааст ки он бо санги мармар рупуш карда шудааст. Дар хар як градуси давра дар руи мармар хатхо ва ракамхо ишора карда шудаанд. Байни хар як градус 70 см мебошад. Дар байни барерхо зинапояхои хиштин мавчуданд. Ҷизмҳои осмониро аз рӯи боми обсерватория дар давраи горизонтали месанҷиданд. Дар обсерватория дигар асбобҳо низ вучуд доштанд, лекин онҳо боқи намондаанд.

Адабиёт[вироиш]

  • Обсерватория Улугбека. (2010, май 12). Википедия, свободная энциклопедия. Дастрасӣ 18:59, июня 1, 2010 from http://ru.wikipedia.org/?oldid=24500793.