Рустами Хуриёнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рустами Хуриёнӣ

Хоҷа Низомуддин Рустами Хуриёнӣ (форсӣ: خواجه حسام‌الدین رستم خوریانی‎; 1350, Хуриён — 1430, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷики давраи темурӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Хуриёни Бастон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Рустами Xуриёнӣ дар дарбори подшоҳони темурӣ хидмат кардааст Мувофиқи маълумоти тазкираҳо девони Рустами Xуриёнӣ дар замони зиндагиаш маъруф буда, навъҳои гуногуни шеърро дар бар мегирифтааст. Шоир дар сурудани қасидаву ғазал табъи ба¬ланд доштааст. Девони Рустами Xуриёнӣ ҳоло дастрас нашудааст. Ғазалҳо ва абёти парокандааш дар тазкираву баёзҳо масбутанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Рустами Хуриёнӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).