Руқия Қурбонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Руқия Қурбонова
Руқия Қурбонова
Таърихи таваллуд 23 октябри соли 1956
Пеша Хизматчии давлатӣ

Руқия Қурбонова — собиқ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008 - 2013)

Руқия Қурбонова 23 октябри соли 1956 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.

Соли 1978 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм намудааст. Соли 1988 мактаби олии партиявии Тошкентро хатм карда, фаъолияти меҳнатияшро ҳамчун омӯзгори мактаби миёна аз мактаби миёнаи раками 9-и шаҳри Норак оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи иттифоқи комсомолии ленинии ҷавонони Норак, котиб-сардори шуъба, раиси Кумитаи партияи коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Норак кор кардааст.

Аз соли 1992 то 1995 дар идораи сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии Норак, дар шуъбаи сохмонии “махсуси обӣ”-и шаҳри Норак фаъолият намудааст. Солҳои 1995-1997 муовини якуми раиси шаҳри Норак буд.

Соли 1997 муовин, соли 2000 муовини якуми раиси Ноҳияи марказӣ, соли 2003 муовини раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе.

Солҳои 2003-2004 дар вазифаи мудири шуъбаи тандурустӣ барои кор бо зан ва оилаи назди Дастгоҳи иҷроияи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2004 раиси Кумитаи кор бо зан ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 муовини раиси вилояти Хатлон, солҳои 2006-2007 раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Бо ордени “Хидмати шоён” сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Аз 26 январи соли 2008 то ноябри 2013 ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]