Вилояти Хатлон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Вилояти Хатлон
Вилояти Хатлон дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Номи расмӣ : Вилояти Хатлон
Марказ: Қӯрғонтеппа
Замони таъсис : 2 декабри 1992
Раиси вилоят: Ғайбуллоҳ Афзалӣ
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 24 600 км²
Шумораи шаҳрҳо : 6
Шумораи ноҳияҳо : 24
Шумораи ҷамоатҳо : 133
Мардум
Аҳолӣ (2006) : 2 700 200 тан
Зичии аҳолӣ : 108,9 кас бар км²
Забони расмӣ : Тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : узбакӣ, русӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ, масеҳӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KT
ISO-намоя : TJ-KT
Пешшумора : +992 3222
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : http://www.khatlon.tj/index.html
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Вилояти Хатлон (порсӣ: ولایت ختلان) — вилоятест дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Марказаш шаҳри Қӯрғонтеппа аст ки 100 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар каронаи рӯди Вахш ҷой гирифта аст.

Вилояти Хатлон расман дар 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Вилояти Хатлон бо сарзамине 24 600 км² дар водии Вахш ҷойгир аст ва 17,2 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо Узбакистон ҳаммарз аст.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2009, шумораи аҳолии вилояти Хатлон 2 700 200 кас буда, ки 35,9 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 464,5 ҳазор нафар (17,2 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 2210,7 ҳазор нафар (82,8 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 108,9 кас бар км² аст. Мардуми Хатлон ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Таърих[вироиш]

Пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад ки Хатлонро дар садаҳои миёна Хутталон (порсӣ: خـُتـَلان) ё Хуттал (порсӣ: خـُتَّـَل) меномиданд ва он вилояте буд ки миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҷой дошт.

Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» Хутталро аз навоҳии Балх дониста ва шаҳрҳои онро чунин ном мебарад: Ҳаловард, Ловаканд, Корбанк, Тамлиёт ва Ҳулбук. Вай ин шаҳрҳоро дар шумори Мовароуннаҳр меоварад ва мегӯяд ки «аз Хуттал сутур нек хезад» ва «Хуттал бар канори рӯди Ҷарёб аст» ва «замини Хуттал ободон аст бо кишоварзӣ ва меваи бисёр ва дар миёни Хатлон пуле бар рӯи об сохтаанд, ки сарҳадди Вишгирд аст, ки аз онҷо ба ҳудуди Балх меравад то ба Тирмиз бирасад ва ин рӯд Вахшоб аст, ки аз Туркистон берун ояд ва ба замини Вахш расад ва ин пул дар наздикии кӯҳе дар байни Хатлон баста шудааст».

Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам», «Хутталон (порсӣ: خـُتـَلان) ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр».

Номи ин вилоятро Хатлон (порсӣ: خـَتلان) ва Хуталон (порсӣ: خـُتـَلان) ва ал-Хуттал (порсӣ: الختًل) низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст:

Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.

Дар роҳномаҳо ва роҳнамоҳои асрҳои миёна Хуттал ё Хатлон аз иқлими чаҳорум, тӯлаш аз ҷазоири Холидот «фо» (81 дараҷа) ва арзи он аз хатти устуво «к» (20 дараҷа) зикр шудааст. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Неҳзат ал-қулуб» мегӯяд ки Хуттал «шаҳре бузург буда ва акнун (дар рӯзгори Муставфӣ) хароб аст. Ҳосилаш ғалла ва пунба ва ангур аст».

Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз иқлимҳои Хуросон дар ин сӯи Ҷайҳун медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ҳамворӣ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро Харбоб ё Ҷарёб гӯянд. Дар Хуттал рӯдҳои бисёр аст ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд».

Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр» муаррифӣ мекунад ва мегўяд ки «Хутал аз Чағониён муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.

Ёқути Ҳамавӣ ки ин сарзаминро як – ду сол пеш аз ҳамлаи муғул ба чашми сар дида аст, дар «Мўъҷам ул-булдон» Хутталро аз минтақаи Мовароуннаҳр медонад ва аз мансубон бад-он Наср ибни Муҳаммад ал-Хатлиро муаррифӣ мекунад ки фақиҳи ҳанафӣ ва шореҳи китоби «ал-Қудури алӣ мазҳаб Аби-Ҳанифа» будааст.

Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба Баҳроми Гӯр (Панҷум Баҳром (Вараҳрон) аз подшоҳони Сосониён, 420438 м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 - 300 дирҳам зикр кардаанд.

Шаҳрҳои Хуттал ҳама дорои ҷӯйҳо ва дарахтон будаанд ва дар замини ҳамвор қарор доштанд, ҷуз аз шаҳр Сикандара ки дар кӯҳҳо қарор дошт. Роҳи Хуталро ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз» чунин баён мекунад: «... роҳи Хутал ба сӯи Чағониён бад-ин шарҳ аст: аз маъбари Бадахшон воқеъ бар рӯди Харбоб то Мунк шаш манзил ва аз онҷо то Пули Сангӣ ду манзил ва то шаҳри Леваканд ду манзил ва то Ҳаловард як манзил...».

Бахшбандӣ[вироиш]

Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон 6 шаҳр, 24 ноҳия ва 133 ҷамаот дорад[1][2]:

Шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон
Номи воҳиди идорӣ Аҳолӣ
(31.12.2009)
ҳазор кас
Паҳноварӣ
ҳазор км²
Зичии
аҳолӣ
кас/км²
шаҳри Қурғонтеппа 72,9
шаҳри Кӯлоб 97,5
шаҳри Норак 24,1
шаҳри Сарбанд 13,7
Ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ 136,1 0,6 226,8
Ноҳияи Балҷувон 26,7 1,3 20,5
Ноҳияи Бохтар 220,5 0,6 367,5
Ноҳияи Вахш 154,3 1,0 154,3
Ноҳияи Восеъ 180,6 0,8 225,8
Ноҳияи Данғара 120,7 2,0 60,4
Ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ 159,9 0,9 177,7
Ноҳияи Ҷиликӯл 93,9 1,2 78,3
Ноҳияи Қубодиён 145,8 1,9 76,8
Ноҳияи Кӯлоб * 89,4 0,3 623,0
Ноҳияи Қумсангир 106,7 1,0 106,8
Ноҳияи Ҳамадонӣ 128,9 0,5 257,8
Ноҳияи Мӯъминобод 77,5 0,9 86,1
Ноҳияи Носири Хусрав 29,6 0,8 37,0
Ноҳияи Норак * 27,1 0,4 127,8
Ноҳияи Панҷ 99,7 0,9 110,8
Ноҳияи Сарбанд * 25,6 0,1 393,0
Ноҳияи Темурмалик 60,0 1,0 59,9
Ноҳияи Фархор 138,3 1,2 115,3
Ноҳияи Ховалинг 48,5 1,7 28,5
Ноҳияи Хуросон 90,4 0,9 100,4
Ноҳияи Шаҳритус 103,4 1,5 68,9
Ноҳияи Шурообод 52,2 2,3 22,7
Ноҳияи Ёвон 176,2 1,0 176,1
Ҳамагӣ 2700,2 24,8 108,9
* ҳамроҳ бо шаҳрҳои тобеи вилоят

Иқтисодиёт[вироиш]

Вилояти Хатлон 334 корхонаи санъатӣ дорад, ки 29,8 дарсад аз ҳаҷми умумии тавлидоти санъатии Тоҷикистонро тавлид мекунанд. Дар соли 2009 дар вилоят 15196 млн. квт/соат нируи барқ, 27,9 ҳазор трансфарматори ниру, 59,2 ҳазор тонна нахи пахта, 774,0 ҳазор тонна ғалла, 197,0 ҳазор тонна качолу, 197,9 ҳазор тонна пахта, 461,9 ҳазор тонна сабзиҷот, 360,5 ҳазор тонна полезиҷот тавлид шуда буд.

Саршумори чорводорони вилоят дар охири соли 2009 756,4 ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 394,7 ҳазор сар, гӯсфанду буз 1720,6 ҳазор сар, асп 54,7 ҳазор сарро буда аст.

Барои рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон дар соли 2009 маблағи 1020987,9 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Омӯзишу парвариш[вироиш]

Вилояти Хатлон 103 кӯдакистон, 1 303 мактаби рӯзонаи таҳсилоти умумӣ, 11 мактаби миёнаи касбӣ ва 5 донишгоҳ дорад, ки 10,3 ҳазор кӯдак, 643,6 ҳазор донишомӯз, 8,5 ҳазор ҳунаромӯз ва 23,6 ҳазор донишҷӯро омӯзишу парвариш медиҳанд.

Ниҳодҳои фарҳангӣ[вироиш]

Вилояти Хатлон 496 китобхонаи ҳамагонӣ бо 3,0 млн. нусха китобу маҷалла, 312 фарҳангсаро, 18 синамокада, 2 намоишсаро (театр) ва 15 осорхона дорад.

Беҳдошту беҳзистӣ[вироиш]

Вилоят 144 дармонгоҳу бемористон дорад ки 2,8 ҳазор пизишк ва 7,6 ҳазор дармонгарро дар бар мегиранд.

Ҷойҳои саёҳат[вироиш]

Пайнавишт[вироиш]

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2010
  2. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved Jun 15, 2010. 
Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон