Jump to content

Сайидризо Ализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Саидризо Ализода)
Саидризо Ализода
Таърихи таваллуд: 15 феврал 1887(1887-02-15)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 декабр 1945(1945-12-24) (58 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон

Сайидризо Ализода (15 феврал 1887, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон24 декабр 1945, Боку) — рӯзноманигор, воқеанигор, мутарҷим, забоншинос ва омӯзгори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ализода Сайидризо 15 феврали 1887, маҳаллаи Боғи шамоли шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби усули ҷадидро хатм кардааст (1912), иштирокчии фаъоли корпартоиҳои коргарони Самарқанд (1905—1907), коргари корхонаи бофандагӣ, ҳуруфчини матбааҳои Самарқанд (1909—1919), котиби якӯми ҳизби болшевикии н. Боғи шамоли ш. Самарқанд, муҳаррири аввалин нашрияи шӯравии тоҷикӣ «Шӯълаи инқилоб» (1919—1921), муаллими забони арабӣ, форсӣ ва тоҷикӣ Донишгоҳи давлати Самарқанд (1933—1937)[1]

Mуаллифи аввалин алифбои тоҷикӣ «Китоби нахустин», «Дабистони тоҷик» (1920), «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926), муҳаррир ва мураттиби аввалин луғати русӣ-тоҷикӣ (ду ҷилд, 1933 −1934), муаллифи маҷмӯаи мақолаҳои публисистии «Ба ҳам бипайвандед, эй ранҷбарони ҳамаи ҷаҳон!», «Сарватмандон навмед мешаванд», «Инглиспарварон бихонанд», «Имрӯз наврӯз аст», «Ба муносибати хабарҳои Бухоро», «Мотами бузург» (дар бораи ба таври фоҷиавӣкушта шудани Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, 1919) ва ғ., шеърҳои «Зан ва мулло», «Ба порахӯр», «Бойамак», «Марсияҳои мушфиқона ба фаранҷӣ». Чун донандаи забҳои арабӣ, форсӣ, русӣ, узбеки, тоторӣ, туркӣ, курдӣ асарҳои «Сад фоиз»-и нависандаи амрикоӣ Эптон Синклер (1934), «Дубровский» (1935), «Духтари капитан» (1936), «Моткаи қарамашшоқ» (1937), «Ҳикояҳои Белкин»-и А. С. Пушкин (1938), «Семент»- и Ф. Гладков (1936), «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст»-и Н. Островский (1937), «Каждум аз меҳроб»-и адиби ӯзбек Абдулло Қодириро (1938) ба тоҷикӣ гардонидааст, аввалин тарҷумон ва муҳаррири асарҳои классикони марксизм-ленинизм.[2]

Соли 1997 ба муносибати 100-умин солгарди таваллудаш дар шаҳри Самарқанд хона-музеи Сайидризо Ализода таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон асарҳои тарҷуманамуда ва маҷмӯаи мақолаҳои публисистии Сайидризо Ализода ҳамчун мероси адабӣ омӯхта мешаванд.[2][3]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С.22-23 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
  2. 2.0 2.1 САИДРИЗО АЛИЗОДА tojnews(пайванди дастнорас)
  3. нусхаи бойгонӣ. 10 май 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2014.