Сайф Алихон
ҳиндӣ: सैफ़ अली ख़ान | |
Таърихи таваллуд | 16 август 1970[1] (54 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | ҳунарпешаи синамо, ҳунарпешаи телевизиюн, таҳиякунандаи филм |
Падар | Mansoor Ali Khan Pataudi[d] |
Модар | Шармила Тагор |
Ҳамсар | Карина Капур |
Фарзанд | Соро Алихон, Prince Ibrahim Ali Khan of Bhopal[d], Prince Taimur Ali Khan of Bhopal[d] ва Prince Jehangir Ali Khan of Bhopal[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сайф Алихон (ҳиндӣ: सैफ़ अली ख़ान, урду: سیف علی خان) - ҳунарпешаи синамои Ҳинд. Сайф Алихон низ монанди аксари ҳунарпешагони ҳинду дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст.
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Падари ӯ наввоби Патодӣ Мансур Алихон Патодӣ аст. Модараш Шармила Тагор, яке аз зеботарин ҳунармандони айёми худ буд. Сайф оиладор мебошад. Завҷаи ӯ ҳунарпешаи шинохта Карина Капур буда, онҳо соҳиби фарзанде ҳастанд.
Карйера
[вироиш | вироиши манбаъ]Иштирок дар филми «Ошиқ овора» ба Сайф Алихон ва Мамта Кулкарнӣ шуҳрати беандоза овард. Ин филм ба чандин забонҳо тарҷума гардид. Вале филмҳои ояндаи ӯ «Dil Теrа Diwana», «Ҷаноби Ошиқ», «Имтиҳон», «Parampara» ва ғайра он қадар бомуваффақият набаромаданд. Сайф Алихон қариб буд тарки синамо кунад. Ғайр аз ин, тамошобинон чунин меҳисобиданд, ки ӯ ҷиддӣ нест ва нақшҳои марказиро нағз офарида наметавонад. Вале иштирок дар филми «Yen Dillagi» ба Сайф имконияти тозаеро барои боз ба қатори ситорагони муваффақи Болливуд дохил шудан, фароҳам сохт. Дар ин филм бо ӯ ҳамроҳ Акшай Кумар ва Каҷол нақшофаринӣ карданд. Се филми дигари баъд аз он баромада - «Ole Ole», «Hothon Pe Bus Tera Naam» ва «Main Khiladi Tu Anari» (бо ҳамроҳии Акшай Кумар) нисбатан комёб буданд. Аммо ин давра низ дер давом накард. Боз филмҳои минбаъдаи ӯ, аз қабили «Tu Chor Main Sipahi» ба нокомӣ дучор гардиданд.
Ин ҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайф Алихон дар базаи маълумоти Интернет
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #138869154 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |