Сайфуддини Деҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайфуддини Деҳлавӣ

Сайфуддини Деҳлавӣ (? — 1592, Деҳлӣ) — шоир ва донишманди форсизабони Ҳиндустон, аз муридони шайх Амонуллоҳи Понипатӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагони Сайфуддини Деҳлавӣ аз Бухоро буда, баъдтар сокини Ҳиндустон шудаанд. Баробари Сайфуддини Деҳлавӣ падар ва писараш аз донишмандон ва мутасаввифони машҳури замон ба шумор мерафтанд. Сайфуддини Деҳлавӣ муриди Шайх Амонуллоҳи Понипатӣ будааст.

Сайфуддини Деҳлавӣ асарҳои манзум (ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ) ва мансур дар мавзӯоти фалсафӣ ва ирфонӣ эҷод кардааст, ки намунае аз онҳо дар тазкира ва манобеи дигари адабиву динӣ то замони мо расидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сайфуддини Деҳлавӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).