Сакоиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сакоиҳо
Нигора
Забони модарӣ Scythian[d]
Макони кунунӣ
Depicted by Histories[d] ва Book of Genesis[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сакоиҳо, сакоҳо (юн.-қад. Σκύθης, Σκύθαι, номи қавмӣ: Skolot[1][2]) — номи қабилаҳои эронизабон (аксаран кучманчиён), ки дар ҳазораи 1 то мелод ва асрҳои аввали милод зиндаги мекарданд.

Дар бораи сакоиҳо доир Авесто, таърихномаҳои ошурихо, ки ба солҳои 641—640 то мелод дахл доранд, дар манбаъҳои атика, катибаҳои эронии бостон, солномаҳои хитои, маъхазҳои хинди ва гайра маълумот дарч шудааст (Дар маъхазҳои атика одатан сакоиҳо ва скифхо ба як маъно омадаанд). Дар катибаҳои эронии бостон се гурӯҳи сакоиҳо ном бурда шудаанд: сакоиҳо и хавмаварг (дар асарҳои муаллифони атика аморгихо), сакоиҳо и тиграхавд («кулоҳборик») ва сакоиҳо и «он суи бахр» (яъне скифҳои Причерномория). Дар адабиёти муосири илми қабилаҳои бостонии ноҳияҳои шимоли ва шаркии Осиёи Миёна, Қазоқистон, Туркистони Шарқӣ бар хилофи массагетҳои ба онхо хеши назди бахри Аралу Закаспий ва скифҳои шимоли назди бахри Сиёх сакоиҳо номида шудаанд. Дар охири асри 6 ва ибтидои асри 5 то мелод як кисми сакоиҳо ро шохони Эрон (аз сулолаи Хахоманишиён) ба худ тобеъ карданд ва аз онхо андоз ва аскар мегирифтанд; сакоиҳо аз тарафи лашкари форсиён дар чангҳои Юнону Эрон (500—449 то мелод) иштирок карданд, дар вилоятҳои гуногуни давлати Хахоманишиён хизмати харбиро ба чо меоварданд. Машгулияти асосии сакоиҳо чорводории кучи буд; гурӯҳҳои алохидаи онхо ба хаёти мукими мегузаштанд. Дар маҳалҳои сакоиҳо и Осиёи Миёна чамъияти синфи ба вучуд меомад. Дар байни сакоиҳо просесси ба табакаҳои ичтимои чудошави оғоз меёбад; табакаи аъёни сакоиҳо сарват мегундошт; дар баробари ин муносибатҳои авлодию қабилави низ мавкеъ доштанд. Миёнаҳои асри 3 то мелод як гурӯҳ қабилаҳои сакоиҳо ба хоки Порт зада даромаданд ва дар ташкилшавии давлати Порт сахм доштанд. Баъдтар ин қабилахо ба маҳалли Дрангиён даромада, дар он чо мукими шуданд ва ба Дрангиён номи Сакистон («мамлакати сакоиҳо», хозира Систон)-ро доданд. Дар охири асри 2 ва нимаи аввали асри 1 то мелод сакоиҳо ба Ҳиндустони Шимолӣ cap дароварданд. Дар территорияи хозираи Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустони Шимолӣ дар асрҳои аввали солшумории мо сакоиҳо, эхтимол, бо халкҳои маҳалли ва қабилаҳои кучманчи омехта шуданд. Дар Туркистони Шарқӣ (Хутан) забони онхо то асри 10 солшумории мо боки монд. Сакоиҳо дар этногенези халкҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Ҳиндустони Шимолӣ мавқеъи калом доштанд.

Ëдгориҳои мадании сакоиҳо ро археологҳои совети дар маҳалҳои ҷануби Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон кашф карданд. Сакоиҳо асосан худои олӣ — Офтобро мепарастиданд. Ба санъати сакоиҳо тасвири хайвонот хос аст. Эпоси сакоиҳо хеле бостонию хеле бой аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. "История" от Геродота, параллельно на английском/греческом: Книга 4, Параграф 6(пайванди дастнорас — таърих). www.sacred-texts.com. 4 августи 2017 санҷида шуд.
  2. Греческий суффикс -oi не относится к самоназванию.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сакоиҳо / X. Муҳиддинов, К. Бобоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).