Салимии Тунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салимии Тунӣ

Тоҷуддин Ҳасан ибни Салимии Тунӣ (форсӣ: تاج‌الدین حسن بن سلیمان تونی‎; ? — 1450) — нависанда, ориф, котиб, муншӣ ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Сабзвор умр ба cap бурдааст, аз ин рӯ бо нисбии «Сабзворӣ» низ ёд мешавад. Дар дарбори ҳукмрони давраш бо корҳои китобат ва иншо машғул буд. Пас аз чанде ин корро тарк карда, ба зиндагии дарвешона ва қаландарӣ рӯй овард. Салимии Тунӣ шоири тавоно буда, махсусан дар қасида ҳунари баланд доштааст. Қасоиди ӯ мазмуни динии тасаввуфи дошта, дар онҳо шахсиятҳои динӣ васф шудаанд[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Салимии Тунӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).