Салла (шираворӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Салла(шираворӣ) - навъи маъмултарини хӯрдании хамирист, ки хелҳои гуногуни онро дар тӯю маърака ва идҳо мепазанд. Ба орд, шир ё об, тухм, шакар ва намак андохта, хамир мекунанд. Баъд аз он зуволаҳо гирифта, тунук мекунанд (ғафсиаш 1,5-2 мм) ва бо саллабурак тасмаю ромбшакл, инчунин дар шакли гулҳои бобуна, садбарг ва ғайра мебуранд. Онро дар равғани бисёре то хурморанг шуданаш бирён мекунанд. Ба рӯи саллаҳои тайёр қанди кӯфта мепошанд. Ба 5 истакон орди гандум 2 дона тухм, 2 қошуқ шакар, 3 истакон шир, ним қошуқча намак, 1 қошуқ қанди кӯфта ва барои бирён кардани салла 2 коса равғани наботот лозим аст.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]