Jump to content

Салмонхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салмонҳон
англ. Salman Khan
урду: سلمان خان
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулрашид Салим Салмонхан
Таърихи таваллуд: 27 декабр 1965(1965-12-27)[1] (58 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи синамо, таҳиякунандаи филм, муҷрии телевизион, овозхон, ҳунарпеша, таҳиякунандаи телевизиюнӣ, ҳунарпешаи телевизиюн
Корнома: 1988 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0006795
salmankhan.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Салмонхóн (урду: سلمان خان, англ. Salman Khan, [səlˈmɑːn ˈxɑːn]; номи пурра: Абдулраши́д Сали́м Салмонхóн, тав. 27 декабри 1965, Индур, Ҳиндустон) — ҳунарпешаи ҳинд ва муҷрии телевизион, яке аз машҳуртарин ҳунарпешагони Болливуд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Салмонҳон 27 декабри соли 1965 дар шаҳри Индури иёлати Мадҳя Прадеши Ҳиндустон дар хонаводаи нависанда ва филмноманависи мусулмон Салим Хон ва рассоми ҳиндуия Салма Хон (то издивоҷ — Сушила Чарак) ба дунё омадааст.

Салмонҳон дар соли 1988 бозигариро бо бозӣ дар нақшӣ фаръии филми Biwi Ho To Aisi сохтаи Ҷей Кей баҳоре ба синамо қадам гузошт ва аввалин муваффақияти тиҷории худро мадюни аввалин ҳамкори худ бо Сураҷ соли 1989 дар филми Maine Pyar Kiya медонад, ки хеле дар кори ӯ таъсир гузошт ва Салмон тавонист ҷоизаи беҳтарин бозигари марди тозаворидро барои ин филм ба даст оварад, ҳамчунин ин филм муваффақиятҳои зиёдеро низ дар хориҷ аз Ҳинд касб кард ва дар кишварҳои мухталифе аз ҷумла Испания низ намоиш дода шуд ва пурфурӯштарин филми даҳаи 80 лақаб гирифт. Ҳамин амр мӯҷиб гашт, то Салмон дар филмҳои мутааддиди баъдӣ бидурахшад, ки метавон ба филмҳои Saajan дар соли 1991 ва Hum Aapke Hain Koun..! дар соли 1994 ва Karan Arjun дар соли 1995 ва Pyaar Kiya To Darna Kya дар соли 1998 ва Hum Saath-Saath Hain: We Stand United дар соли 1999 ишора кард, ки тайи ҳафт соли фаъолияти ҳирфаии бозигарӣ тавонист болотарин дастмуздҳоро аз они худ кунад.