Саъдулло Асадуллоев
Таърихи таваллуд | 12 сентябр 1932 |
---|---|
Зодгоҳ | Хистеварз Ноҳияи Ғафуров |
Таърихи даргузашт | 26 сентябр 1998 (66 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Хуҷанд |
Фазои илмӣ | адабиётшинос, олим |
Саъдулло Асадуллоев — (12 сентябри 1932, д. Хистеварз (Кистакӯз) - 26 сентябри 1998 шаҳри Хуҷанд), адабиётшинос, доктори илми филологӣ (1985), профессор (1987). Асосгузор ва президенти Академияи Камоли Хуҷандӣ (1991).[1]
Ҳолнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саъдулло Асадуллоев ДДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1955). Аспирант (1955-58), муаллим (1958-61), сармуаллими кафедраи адабиёти тоҷик, ноибдекани факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1961-65), мудири кафедраи адабиёти тоҷик (1965-81), мудири шуъбаи гоибона (1981-86), мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДОЛ ба номи С.М.Киров (аз с.1986). Навиштаҳояш аз с.1962 ба табъ мерасанд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи бештар аз 200 кори илмӣ бахшида ба масъалаҳои мухими таърихи адабиёти форсу тоҷик аст. Мураттиб ва муаллифи як катор хрестоматия ва китобҳои дарси мебошад. Мураттиб, муаллифи сарсухан ва тавзеҳоти мачмӯаҳои «Намунаҳои зарбулмасал ва маколҳои тоҷикон ва ӯзбекони вилояти Катағани Афғонистон» (Д., 1963) ва «Амир Хусрави Деҳлавӣ» (Д., 1975). Дар кори ба нашр омода сохтани “Девони Камоли Хуҷандӣ” дар ду чилд фаъолона ширкат варзидааст. Иштироккунандаи конгресс ва симпозиумҳои байналхалқи бахшида ба масъалаҳои адабиёти Шарк.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абҷад ва таърихҳо. - Д., 1975 (бо хаммуаллиф);
- Баъзе истилоҳоти мусиқӣ ва суруду навоҳо дар ашъори Ҳофиз. - Д., 1975;
- Лайли ва Маҷнун дар назми форсӣ. - Д, 1981;
- Худомӯзии алифбои форсӣ-тоҷикӣ. - Хуҷанд, 1992;
- Камоли Хуҷандӣ. - Хуҷанд, 1996.