Сиғаи амрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сиғаи амрӣ изҳори хоҳишу супориш, фармону таъкид ва водор кардан ба амалеро,ки нисбат ба шахси дуюм гуфта шудааст, мефаҳмонад.Ҳарчанд ки баъзан аорист ва дигар шаклҳои феълӣ аз рӯйи маъно ва оҳанги сухан ба сиғаи амрӣ наздик мешаванд, дар забони тоҷикӣ шакли асосии сиғаи амрӣ феъли фармоиш мебошад, ки ба гурӯҳи феълҳои замони ҳозира-оянда дохил мешавад. Феъли фармоиш фақат як шахс, яъне шахси дуюми танҳо ва ҷамъ дорад:рав-равед (раветон), гир-гиред (гиретон), роҳат кун-роҳат кунед (роҳат кунетон), омадан гир- омадан гиред (омадан гиретон).

Мисолҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология.- Душанбе: Дониш, 1985.-с.208