Содиқи Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Содиқи Самарқандӣ

Содиқи Самарқандӣ (форсӣ: صادق سمرقندی‎), Мавлоно Қозисодиқи Ҳалвоӣ (1505, Самарқанд — 1587, ҳамон ҷо) — шоир, нависанда, қозӣ ва ҳунарманди форс-тоҷик, аз мударрисони Мадрасаи Улуғбек.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагонаш ҳалвопаз будаанд. Содиқи Самарқандӣ илмҳои расмии замонашро дар Самарқанд омӯхтааст. Ба нияти сафари Ҳиндустон ба Кобул рафта, чанде дар он шаҳр маскун шуд ва ба таълиму тадрис машғул гардид. Аз он ҷо ба Лоҳур, Мадина ва Ҳиндустон сафар кард. Ба Самарқанд баргашта, қозӣ ва мударриси мадрасаи Улуғбек таъйин шуд. Дар ин айём тазкиранавис Мутрибӣ борҳо дар сӯҳбати ӯ будааст ва дар тазкирааш Содиқи Самарқандиро чун шоир ва олими ширинсухан, хушсӯҳбату олиҳиммат васф кардааст. Содиқи Самарқандӣ ба забони тоҷикӣ ва арабӣ созишнома чанд рисола дар илми муаммо, инчнин рисола дар одоби баҳс таълиф кардааст.

Содиқи Самарқандӣ шоири соҳибдевон аст. Ғазалҳояш дар анъанаи ғазалсароии адабиëти классикии форс-тоҷик суруда шудаанд. Нусхаи дастнависи девони Созиқи Самарқандӣ дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Содиқи Самарқандӣ / Г. Бойматова // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).