Соинуддин ибни Туркаи Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Соинуддин ибни Туркаи Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: 1368[1]
Таърихи даргузашт: 1431[1]
Навъи фаъолият: occultist, файласуф
Забони осор: форсӣ[2] ва арабӣ[2]

Соинуддин Алӣ ибни Муҳамммад Туркаи Исфаҳонӣ (форсӣ: صاین‌الدین علی ابن محمد ترکه اصفهانی‎; 1368[1]1431[1]) — нависанда, шоир, ориф ва муҳаққиқи форс-тоҷик ва аз пайравони мактаби Ибни Арабӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоҷа Абумуҳаммад Соинуддин Алӣ ибни Афзалуддин мутахаллис ба Собир дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ибни Туркаи Исфаҳонӣ аз нависандагони пурмаҳсул аст[3].

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Бештар аз 40 асари ӯ ба шакли дастнавис дар китобхонаҳои ҷаҳон нигоҳ дошта мешавад, ки машҳуртаринашон инҳоанд: «Муншаот», рисолаҳои «Қобилият», «Нуқта ва ҳарф», «Мабдаъ ва маод», «Атвори салоса», «Асрори салот», «Муқаддима дар истилоҳи сӯфия», «Тасаввуф ва ҳуруф», «Мунозироти хамс» (мунозираҳои ақлу ишқ, ваҳму ақл, ваҳму хаёл, самъу басар, ошиқу маъшуқ) ва ғайра. Фаттоҳии Нишопурӣ дар таълифи маснавии «Ҳусну Дил» аз ин мунозираҳо истифода кардааст[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 http://thesaurus.cerl.org/record/cnp01092365
  2. 2.0 2.1 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
  3. 3.0 3.1 Туркаи Хуҷандӣ / С. Асадуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).