Соли Нав

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Арчаи солинавӣ.

Соли нав - зимистон рӯзи 1-уми январ мисли дигар давлатҳои ғарб ҷашн гирифта мешавад.

Соли Нав баҳорон ҳамчун Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Соли Нав[вироиш]

Соли нав яке аз қадимтарин идҳост,ки инсоният ҷашн мегирад. Таърихи ҷашнгирии он чандин ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Нигаред мақолаи асосӣ Таърихи ҷашнгирии Соли Нав.

Урфу одатҳои солинавӣ[вироиш]

Соли нав яке аз он идҳост, ки онро дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Вале ҷашнгирии он дар байни ҳар як халқ хусусияти хосеро дорост. Нигаред мақолаи асосӣ Урфу одатҳои солинавӣ.


Ҷашнгирии Соли нави мелоди аз 1 январ бо фармони император Гай Юлий Сезар соли 46 то милод дар Рими Қадим ҷорӣ шуда буд. Моҳи январ аз номи Янус – худои дурӯя, таҷасумгари дару дарвоза, интохобҳо ва нахустин корҳо гирифта шудааст.

Соли 1700 бо фармони император Пётри I Соли нав дар Русия ба монанди дигар давлатхои Европа аз 1 январ (мувофиқи солшумории Юлиани) қайд карда мешавад.

Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар Русия мувофиқи солшумории Григорианӣ қайд карда мешавад. Аз 23 декабри соли 1947 бо укази Президиуми Совети Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ давом дорад ва 1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст.

Пайвандҳо[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад: