Софӣ Марсо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Софӣ Марсо
фр. Sophie Marceau
Ном ба ҳангоми таваллуд: фр. Sophie Danièle Sylvie Maupu[4]
Таърихи таваллуд: 17 ноябр 1966(1966-11-17)[1][2][3][…] (57 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, овозхон, филмноманавис, нависанда, ҳунарпешаи театр, бозигари синамо, коргардони филм
Корнома: 1980 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0000521
 Парвандаҳо дар Викианбор

Софӣ Марсо́ (фр. Sophie Marceau; зод. 17 ноябр 1966[1][2][3][…], минтақаи 15 Порис[d][4]) — ҳунарпешаи аҳли Фаронса мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

София Марсо, ки номи аслияш Софӣ Мапу (Sophie Maupu) мебошад, 17 ноябри соли 1966 дар шаҳраки хурди Жантийӣ, дар атрофи Париж ба дунё омадааст. Падари ӯ ронанда буда, модараш фурӯшанда буд. Машғул шудани Софӣ ба санъати синамо тасодуфӣ буд. Ӯ аз яке дугонаҳояш мефаҳмад, ки Клод Пиното дар филми наваш барои офаридани нақше наврасонро интихобот карданист ва бо ҳамроҳии дугонааш ба имтиҳон меравад. Дар натиҷа, Марсои 14-соларо аз байни ҳазорон номзад дар нақши асосӣ интихоб мекунанд. Филми «Бум» («Вечеринка») /La Boum, 1980/ натанҳо дар Фаронса, балки берун аз он низ шуҳрати зиёдеро пайдо намуд. Пас аз ду сол давоми он — «Бум — 2» /La Boum 2, 1982/ ба навор гирифта шуд, ки барои иштирок дар он Софӣ ба гирифтани ҷойизаи Сезар сазовор гардид. Нақшаҳои ояндаи Софиро бо ширкати истеҳсолкунандаи кино «Гамон» вохӯрии тасодуфӣ бо шавҳари ояндааш — коргардони лаҳистонӣ Анджей Жулавскӣ барбод дод. Анджей аз Софӣ 26 сол калон буд, вале чанде пас аз шиносоӣ Софӣ ба ӯ башавҳар баромада, шартномаи сермаблағи ширкати «Гамон»-ро рад намуд. Баъд аз ин онҳо ба ватани Анджей ба Лаҳистон мераванд ва чандин сол дар хонаи хоксоронаи дар Варшава будаи коргардон умр ба Сар мебаранд.

Марсо бо Жулавскӣ дар чандин филмҳо — «Шальная Любовь» /L’Amour Braque, 1984/, «Мои ночи прекраснее ваших дней» /Mes Nuits Sont Plus belles que vos jours, 1989/, ва ғайраҳо ҳамроҳ будаанд. Филми аввалини ҳунарпеша дар синамои Амрико филми Мел Гибсон «Храброе Сердце» /Braveheart, 1995/ буд, ки дар он ӯ нақҳи шоҳдухтари фаронсавӣ Изабелро бозӣ кард. Овозаҳое буданд, ки гӯё дар вақти банаворгирии филм Софиву Мел ишқварзӣ мекарданд, вале дар ниҳояти кор ин дурӯғ баромад: Мел бо зану панҷ фарзандаш монд, Софӣ бошад чанде пас аз шавҳараш писареро ба дунё овард, ки варо Винсент ном гузоштанд. «Храброе Сердце» филми ягонаи Софӣ дар Ҳолливуд набуд. Ӯ бо ҳамроҳии Пирс Броснан дар серияҳои навбатии филм дар бораи Ҷеймс Бонд — «И целого мира мало» /The World Is Not Enough, 1999/ ва дар филмҳои «Потерять и найти» /Lost & Found, 1998/ и «Сон в летнюю ночь» /A Midsummer Night’s Dream, 1999/ иштирок кардааст. Дар айни замон низ Софӣ дар нақшҳои гуногун бозӣ карда, хотири мухлисонашро шод мегардонад.

Филмшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1980 — Бум (фильм)|Бум / La Boum
  • 1982 — Бум 2 (фильм)|Бум 2 / La Boum 2
  • 1984 — Форт Саган (фильм)|Форт Саган / Fort Saganne
  • 1984 — Веселая Пасха (фильм)|Веселая Пасха / Joyeuses Paques
  • 1984 — Шальная любовь (фильм)|Шальная любовь / L’amour braque
  • 1985 — Полиция (фильм)|Полиция / Police
  • 1986 — Сошествие в ад (фильм)|Сошествие в ад / Descente aux enfers
  • 1987 — Шуаны (фильм)|Шуаны! / Chouans!
  • 1988 — Студентка (фильм)|Студентка / L’etudiante
  • 1988 — Мои ночи красивее, чем ваши дни (фильм)|Мои ночи прекрасней ваших дней / Mes nuit sont plus belles que mes jours
  • 1989 — Тихие палисады (фильм)|Тихие палисады / Pacific Palisades
  • 1990 — Для Саши (фильм)|Для Саши / Pour Sacha
  • 1990 — Голубая нота (фильм)|Голубая нота / La Note bleue
  • 1992 — Аромат любви Фанфан (фильм)|Аромат любви Фанфан / Fanfan
  • 1994 — Дочь д’Артаньяна (фильм)|Дочь д’Артаньяна / La fille de D’Artagnan
  • 1995 — За облаками (фильм)|За облаками / Par dela les nuages
  • 1995 — Храброе сердце (фильм)|Храброе сердце / Braveheart
  • 1996 — Анна Каренина (фильм, 1997)|Анна Каренина / Anna Karenina
  • 1997 — Пламя страсти (фильм)|Пламя Страсти / Firelight
  • 1997 — Маркиза (фильм)|Маркиза / Marquise
  • 1998 — Счастливая пропажа (фильм)|Счастливая пропажа / Lost & Found
  • 1999 — И целого мира мало (фильм)|И целого мира мало / The World Is Not Enough
  • 1999 — Сон в летнюю ночь (фильм, 1999)|Сон в летнюю ночь / A Midsummer Night’s Dream
  • 1999 — Верность (фильм, 2000)|Верность / La Fidelite
  • 2000 — Бельфегор — призрак Лувра (фильм)|Бельфегор — призрак Лувра / Belphegor — Le fantome du Louvre
  • 2003 — Алекс и Эмма (фильм)|Алекс и Эмма / Alex & Emma
  • 2003 — Я остаюсь! (фильм, 2003)|Я остаюсь! / Je Reste!
  • 2003 — Ключи от машины (фильм)|Ключи от машины / Les clefs de bagnole
  • 2004 — Этим вечером (фильм)|Этим вечером / A ce soir
  • 2005 — Энтони Циммер (фильм)|Энтони Циммер / Antony Zimmer
  • 2007 — Trivial / Trivial — выход фильма запланирован на 2007.
  • 2007 — Femmes de l’ombre, Les / Femmes de l’ombre, Les — приблизительная дата выхода фильма осень 2007.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]