Софӣ Марсо

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Sophie Marceau
Софӣ Марсо
Sophie Marceau Skyfall 2012.jpg
Зодрӯз 17 ноябри 1966
Зодгоҳ Жантили, Фаронcа

Софӣ Марсо́ (фаронсавӣ: Sophie Marceau;- ҳунарпешаи Фаронса мебошад.

Шарҳи ҳол[вироиш]

София Марсо, ки номи аслияш Софӣ Мапу (Sophie Maupu) мебошад, 17 ноябри соли 1966 дар шаҳраки хурди Жантийӣ, дар атрофи Париж ба дунё омадааст. Падари ӯ ронанда буда, модараш фурӯшанда буд. Машғул шудани Софӣ ба санъати синамо тасодуфӣ буд. Ӯ аз яке дугонаҳояш мефаҳмад, ки Клод Пиното дар филми наваш барои офаридани нақше наврасонро интихобот карданист ва бо ҳамроҳии дугонааш ба имтиҳон меравад. Дар натиҷа, Марсои 14-соларо аз байни ҳазорон номзад дар нақши асосӣ интихоб мекунанд. Филми "Бум" ("Вечеринка") /La Boum, 1980/ натанҳо дар Фаронса, балки берун аз он низ шӯҳрати зиёдеро пайдо намуд. Пас аз ду сол давоми он - "Бум - 2" /La Boum 2, 1982/ ба навор гирифта шуд, ки барои иштирок дар он Софӣ ба гирифтани ҷойизаи Сезар сазовор гардид. Нақшаҳои ояндаи Софиро бо ширкати истеҳсолкунандаи кино "Гамон" вохӯрии тасодуфӣ бо шавҳари ояндааш – коргардони лаҳистонӣ Анджей Жулавскӣ барбод дод. Анджей аз Софӣ 26 сол калон буд, вале чанде пас аз шиносоӣ Софӣ ба ӯ башавҳар баромада, шартномаи сермаблағи ширкати "Гамон"-ро рад намуд. Баъд аз ин онҳо ба ватани Анджей ба Лаҳистон мераванд ва чандин сол дар хонаи хоксоронаи дар Варшава будаи коргардон умр ба Сар мебаранд. Марсо бо Жулавскӣ дар чандин филмҳо - "Шальная Любовь" /L'Amour Braque, 1984/, "Мои ночи прекраснее ваших дней" /Mes Nuits Sont Plus belles que vos jours, 1989/, ва ғайраҳо ҳамроҳ будаанд. Филми аввалини ҳунарпеша дар синамои Амрико филми Мел Гибсон "Храброе Сердце" /Braveheart, 1995/ буд, ки дар он ӯ нақҳи шоҳдухтари фаронсавӣ Изабелро бозӣ кард. Овозаҳое буданд, ки гӯё дар вақти банаворгирии филм Софиву Мел ишқварзӣ мекарданд, вале дар ниҳояти кор ин дурӯғ баромад: Мел бо зану панҷ фарзандаш монд, Софӣ бошад чанде пас аз шавҳараш писареро ба дунё овард, ки варо Винсент ном гузоштанд. "Храброе Сердце" филми ягонаи Софӣ дар Ҳолливуд набуд. Ӯ бо ҳамроҳии Пирс Броснан дар серияҳои навбатии филм дар бораи Ҷеймс Бонд - "И целого мира мало" /The World Is Not Enough, 1999/ ва дар филмҳои "Потерять и найти" /Lost & Found, 1998/ и "Сон в летнюю ночь" /A Midsummer Night's Dream, 1999/ иштирок кардааст. Дар айни замон низ Софӣ дар нақшҳои гуногун бозӣ карда, хотири мухлисонашро шод мегардонад.

Филмҳо бо иштироки Софӣ Марсо[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]