Сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом- Ҷаббор Расулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом- Ҷаббор Расулов — соли 2016 дар вилояти Суғд оғоз шудааст.

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Исфара-Конибодом- Ҷаббор Расулов оғоз бахшид. Маблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали "Лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара 45 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор долларро қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигарро бошад, гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии "Чайна рейлвей групп корпорейшн" мебошад. Роҳ аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноияш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад. Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст.[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Оғози корҳои навсозии шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов. 24 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 апрели 2016.