Суръат

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Дар физика, суръат ин зудии тағйирёбии мавқеъи ҷисм нисбат ба ҷисмҳои дигар бо мурури вақт мебошад. Ин бузургии физикии векторӣ мебошад, яъне барои муайян намудани он ҳам миқдор ҳам самт зарур аст. Қимати мутлақи скалярии суръат дар системаи СӢ бо метрҳо дар сония (м/с) чен карда мешавад.

Масалан, "5 метр дар як сония" ин скаляр буда вектор нест, ва ҳол он ки "5 метр дар як сония ба самти шарқ" вектор аст. Суръати миёнаи ҷисме ки дар давоми ( \Delta t), кӯчиши ( \Delta x) кардааст бо формулаи зерин ифода карда мешавад:

\bar{\mathbf{v}} = \frac{\Delta \mathbf{x}}{\Delta t}.

Зудии тағйирёбии худи суръат шитоб мебошад, ки он бо мурури вақт чӣ тавр тағйир ёфтани суръати ҷисмро ифода месозад.


Нигаред[вироиш]