Суҳроб Ашуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Суҳроб Абдуҷабборович Ашуров (тав. 24. 11. 1939, Душанбе), географи тоҷик, номзади илмҳои география (1974), дотсент (1980).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1959–1964 дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо ихтисоси гидромелиоратсия хатм намудааст. Солҳои 1965–1968 мутахассиси соҳаи обёрикунӣ дар ноҳияи Конибодом, 1968– 1974 аспиранти Институти илмӣ-тадқиқотии хокшиносии Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1975–2005 муаллими калон ва дотсенти кафедраи мелиоратсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз дотсенти кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Обуздание селевых потоков, Д., 1972.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]